Ӯзбекистон ба бозсозии хатти интиқоли барқи Гузар – Регар оғоз кард

Дар Ӯзбекистон корҳои таъмиру навсозии 63 километр қитъаи хати интиқоли барқ (ХИБ)-и 500 кВ Гузар – Регар оғоз шуд. Барои нигаҳдории тавозуни захираҳои энергетикӣ ва обӣ, инчунин таъмини устувори истеъмолгарон бо барқ, Ӯзбекистон дар ҳамдастӣ бо Тоҷикистон як қатор лоиҳаҳои сармоягузориро амалӣ мекунад. Тавре дафтари матбуоти Вазорати энергетикаи Ӯзбекистон хабар медиҳад, аз ҷумла ҶС “Шабакаҳои […]

Дар Ӯзбекистон корҳои таъмиру навсозии 63 километр қитъаи хати интиқоли барқ (ХИБ)-и 500 кВ Гузар – Регар оғоз шуд.

Барои нигаҳдории тавозуни захираҳои энергетикӣ ва обӣ, инчунин таъмини устувори истеъмолгарон бо барқ, Ӯзбекистон дар ҳамдастӣ бо Тоҷикистон як қатор лоиҳаҳои сармоягузориро амалӣ мекунад.

Тавре дафтари матбуоти Вазорати энергетикаи Ӯзбекистон хабар медиҳад, аз ҷумла ҶС “Шабакаҳои миллии барқи Ӯзбекистон” лоиҳаи сармоягузории “Таҷдиди хати интиқоли барқи 500 кВ Гузар – Регар(Л-507)”-ро татбиқ мекунад.

Гуфта мешавад, маблағи харҷи пешакии лоиҳа 25 млн доллар арзёбӣ шуда, анҷоми корҳои таъмиру навсозии қитъаи мазкур семоҳаи чоруми соли равон дар назар аст.

Ба иттилои манбаъ, лоиҳаи сармоягузории мазкур дар ҳамкорӣ бо ширкати Shanghai Electric Power Transmission & Distribution-и Чин, ки ғолиби тендери байнулмилалӣ аст, амалӣ мешавад.

Лоиҳа бар асоси санади Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Ӯзбекистон таҳия ва амалӣ мешавад. Он ба таъмини эътимоднокии таъмин бо барқ зимни кори ҳамсони низомҳои энергетикии ду кишвар равона шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.