Раиси Оҷонсии содирот: Лозим шавад, натанҳо ғӯра, дарахташро ҳам мефурӯшем

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Барои тақвияти содироти маҳсулоти кишоварзӣ Тоҷикистон имконоти зиёд дорад. Муҳимаш кори пурзӯр дар ин самт ва мутобиқат ба меъёрҳои байнулмилалӣ аст, изҳор дошт имрӯз ба рӯзноманигорон директори Агентии содироти назди ҳукумати Тоҷикистон Шавкат Бобозода.

“Агар мо ба иҷрои се вазифа – ҳавасмандкунии содиркунандагон, ҳархела кардани маҳсулоти содиротӣ ва содакунии расмиёти фиристодани бор ба хориҷа ноил гардем, ин дастовради назаррас мешавад”, – қайд кард ӯ.

“Бартариҳои маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар он ифода меёбад, ки пеш аз ҳама, онҳо аз лиҳози экологӣ тозаанд, – гуфт ӯ. – Барои фурӯши онҳо борҷомаҳои хуб лозим аст. Муҳимаш пул диҳанд, агар лозим бошад, натанҳо ғӯраи зардолу, балки дарахтро бо мевааш ҳам мефурӯшем”.

Бобозода қайд кард, ки Тоҷикистон соли гузашта ба сифати озмоиш ба Туркия якчанд тонна ғӯра бо нархи 2 сомонӣ барои 1 килояш ва испаноқ фиристод.

“Акнун истеҳсолкунандагон бозори Туркияро омӯхта, содироти ин ду навъи маҳсулотро ба бозори Туркия ҳадафмандона оғоз карданд”, – гуфт Бобозода.

Директори Агентӣ мегӯяд, Тоҷикистон имсол дар мавриди содироти пиёзи барвақтӣ, лимӯ, ангур ва хушкмева қарордодҳо ба имзо расонидааст.

Дар баробари давлатҳои шарикони маъмулӣ, содироти маҳсулот ба Корея низ сурат мегирад.

“Дастрасӣ ба реҷаи имтиёзноки савдои GSP+ барои савдо дар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо дастоварди муҳими сиёсӣ аст, – изҳор дошт роҳбари Агентӣ. – Соҳибкорони Тоҷикистон ҷиҳати дастрасӣ ба бозори Аврупо хеле манфиатдоранд”.

Др муқоиса бо як соли пеш соли 2020 ҳаҷми содироти маҳсулоти саноатӣ 25,3% афзуда, 1 млрд 330,4 млн сомониро ташкил додааст.

Ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ ҳудуди 130 ҳазор тонна ба маблағи зиёда аз 20 млн долларро ташкил дода, 9,1% зиёдтар нисбат ба соли 2019 аст.

Қобили зикр аст, ки вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Завқӣ Завқизода зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки соли гузашта ҳаҷми умумии содироти молу маҳсулот аз Тоҷикистон 1 млрд 406,9 млн сомониро ташкил додааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...