Раиси Оҷонсии содирот: Лозим шавад, натанҳо ғӯра, дарахташро ҳам мефурӯшем

Барои тақвияти содироти маҳсулоти кишоварзӣ Тоҷикистон имконоти зиёд дорад. Муҳимаш кори пурзӯр дар ин самт ва мутобиқат ба меъёрҳои байнулмилалӣ аст, изҳор дошт имрӯз ба рӯзноманигорон директори Агентии содироти назди ҳукумати Тоҷикистон Шавкат Бобозода. “Агар мо ба иҷрои се вазифа – ҳавасмандкунии содиркунандагон, ҳархела кардани маҳсулоти содиротӣ ва содакунии расмиёти фиристодани бор ба хориҷа ноил […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Барои тақвияти содироти маҳсулоти кишоварзӣ Тоҷикистон имконоти зиёд дорад. Муҳимаш кори пурзӯр дар ин самт ва мутобиқат ба меъёрҳои байнулмилалӣ аст, изҳор дошт имрӯз ба рӯзноманигорон директори Агентии содироти назди ҳукумати Тоҷикистон Шавкат Бобозода.

“Агар мо ба иҷрои се вазифа – ҳавасмандкунии содиркунандагон, ҳархела кардани маҳсулоти содиротӣ ва содакунии расмиёти фиристодани бор ба хориҷа ноил гардем, ин дастовради назаррас мешавад”, – қайд кард ӯ.

“Бартариҳои маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар он ифода меёбад, ки пеш аз ҳама, онҳо аз лиҳози экологӣ тозаанд, – гуфт ӯ. – Барои фурӯши онҳо борҷомаҳои хуб лозим аст. Муҳимаш пул диҳанд, агар лозим бошад, натанҳо ғӯраи зардолу, балки дарахтро бо мевааш ҳам мефурӯшем”.

Бобозода қайд кард, ки Тоҷикистон соли гузашта ба сифати озмоиш ба Туркия якчанд тонна ғӯра бо нархи 2 сомонӣ барои 1 килояш ва испаноқ фиристод.

“Акнун истеҳсолкунандагон бозори Туркияро омӯхта, содироти ин ду навъи маҳсулотро ба бозори Туркия ҳадафмандона оғоз карданд”, – гуфт Бобозода.

Директори Агентӣ мегӯяд, Тоҷикистон имсол дар мавриди содироти пиёзи барвақтӣ, лимӯ, ангур ва хушкмева қарордодҳо ба имзо расонидааст.

Дар баробари давлатҳои шарикони маъмулӣ, содироти маҳсулот ба Корея низ сурат мегирад.

“Дастрасӣ ба реҷаи имтиёзноки савдои GSP+ барои савдо дар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо дастоварди муҳими сиёсӣ аст, – изҳор дошт роҳбари Агентӣ. – Соҳибкорони Тоҷикистон ҷиҳати дастрасӣ ба бозори Аврупо хеле манфиатдоранд”.

Др муқоиса бо як соли пеш соли 2020 ҳаҷми содироти маҳсулоти саноатӣ 25,3% афзуда, 1 млрд 330,4 млн сомониро ташкил додааст.

Ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ ҳудуди 130 ҳазор тонна ба маблағи зиёда аз 20 млн долларро ташкил дода, 9,1% зиёдтар нисбат ба соли 2019 аст.

Қобили зикр аст, ки вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Завқӣ Завқизода зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки соли гузашта ҳаҷми умумии содироти молу маҳсулот аз Тоҷикистон 1 млрд 406,9 млн сомониро ташкил додааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.