«Мили кабуд». Кумак ба кӯдакони дорои аутизм тавассути давидан

Эмомалӣ Сайидзод, Asia-Plus

Аксия, ки номаш “Мили кабуд” аст, бо икдоми клуби TJK RUNCLUB ва аз тарафи Фонди хайриявии Ирода ба рох монда шуд. Ва максад – кумак ба кӯдакони дорои аутизм аст.

Ҳар касе сарфи назар аз синнусол метавонад иштирок кунад. Аксияи мазкур дар кишвар тоза ба фаъолят шурӯъ карда, аммо миёни ду ҳафта тақрибан ҳудуди 600 аъзо дорад.   

Барои иштирок дар иқдом кифоят аст, ки аз PLAYMARKET барномаи STRAVA- ро боргирӣ намоеду онҷо дар гуруҳи TJK RUNCLUB худро номнавис карда, GPS – ро дар телефони дастиятон фаъол намуда, ба давидан пардозед.

Бояд гуфт, ки баъди давидани ҳар аъзо ба фонди  ин аксия маблағ ворид мешавад. Яъне як ширкати хайрхохе маблағгузории ин икдомро ба ухда гирифтааст ва ҳар як километре, ки шумо медавед – бар ивазаш 1 сомонӣ ба Фонди аксия аз тарафи он ширкат гузаронида мешавад.

Маъмурияти ин иқдом маблағи мазкурро барои кудакони дорои аутизм масраф мекунанд.

Тавре Фирӯз Абдуқодиров, яке аз ташкилкунандагони клуби TJK RUNCLUB мегӯяд, давоми ду ҳафтае, ки аксияро фаъол намудаанд, мардум аллакай 9 ҳазор км давидаанд ва ба фонд тақрибан 9 ҳазор сомонӣ мегузарад.

“Мо мардумро даъват мекунем, ки ба варзиш машғул шаванд ва дар ин баробар, ба кӯдакони дорои аутизм кумак намоянд”, – мегӯяд ӯ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.