«Мили кабуд». Кумак ба кӯдакони дорои аутизм тавассути давидан

Аксия, ки номаш “Мили кабуд” аст, бо икдоми клуби TJK RUNCLUB ва аз тарафи Фонди хайриявии Ирода ба рох монда шуд. Ва максад – кумак ба кӯдакони дорои аутизм аст. Ҳар касе сарфи назар аз синнусол метавонад иштирок кунад. Аксияи мазкур дар кишвар тоза ба фаъолят шурӯъ карда, аммо миёни ду ҳафта тақрибан ҳудуди 600 аъзо […]

Аксия, ки номаш “Мили кабуд” аст, бо икдоми клуби TJK RUNCLUB ва аз тарафи Фонди хайриявии Ирода ба рох монда шуд. Ва максад – кумак ба кӯдакони дорои аутизм аст.

Ҳар касе сарфи назар аз синнусол метавонад иштирок кунад. Аксияи мазкур дар кишвар тоза ба фаъолят шурӯъ карда, аммо миёни ду ҳафта тақрибан ҳудуди 600 аъзо дорад.   

Барои иштирок дар иқдом кифоят аст, ки аз PLAYMARKET барномаи STRAVA- ро боргирӣ намоеду онҷо дар гуруҳи TJK RUNCLUB худро номнавис карда, GPS – ро дар телефони дастиятон фаъол намуда, ба давидан пардозед.

Бояд гуфт, ки баъди давидани ҳар аъзо ба фонди  ин аксия маблағ ворид мешавад. Яъне як ширкати хайрхохе маблағгузории ин икдомро ба ухда гирифтааст ва ҳар як километре, ки шумо медавед – бар ивазаш 1 сомонӣ ба Фонди аксия аз тарафи он ширкат гузаронида мешавад.

Маъмурияти ин иқдом маблағи мазкурро барои кудакони дорои аутизм масраф мекунанд.

Тавре Фирӯз Абдуқодиров, яке аз ташкилкунандагони клуби TJK RUNCLUB мегӯяд, давоми ду ҳафтае, ки аксияро фаъол намудаанд, мардум аллакай 9 ҳазор км давидаанд ва ба фонд тақрибан 9 ҳазор сомонӣ мегузарад.

“Мо мардумро даъват мекунем, ки ба варзиш машғул шаванд ва дар ин баробар, ба кӯдакони дорои аутизм кумак намоянд”, – мегӯяд ӯ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.