Кумаки навбатии БҶ ба Тоҷикистон барои мубориза бо пандемия

Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) ба Тоҷикистон барои таҳкими имконот дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи қишри осебпазири аҳолӣ ба маблағи ҳудуди 12,6 млн доллар кумаки бебозгашти иловагӣ ҷудо мекунад. Дар маълумоти рӯзи 22 феврал нашршуда дар сомонаи расмии Бонк гуфта мешавад, ин маблағ илова ба кумак дар ҳаҷми зиёда аз 8,6 млн доллар барои ваксиназанӣ зидди коронавирус […]

Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) ба Тоҷикистон барои таҳкими имконот дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи қишри осебпазири аҳолӣ ба маблағи ҳудуди 12,6 млн доллар кумаки бебозгашти иловагӣ ҷудо мекунад.

Дар маълумоти рӯзи 22 феврал нашршуда дар сомонаи расмии Бонк гуфта мешавад, ин маблағ илова ба кумак дар ҳаҷми зиёда аз 8,6 млн доллар барои ваксиназанӣ зидди коронавирус мебошад, ки рӯзи 11 феврал аз ҷониби Шӯрои мудирони Бонк тасдиқ шуда буд.

“Ин воситаҳо ба Тоҷикистон имкон медиҳанд, ки тавассути таҳкими низоми тандурустӣ ва ёрии таъҷилии иҷтимоӣ хонаводаҳои камбизоаттаринро ҳимоя кунад”, – гуфтааст намояндаи доимии БҶ дар Тоҷикистон Ян-Петер Олтерс.

Дар назар аст, ки аз ҳисоби ин кумак барои таъмини 15 бемористони Тоҷикистон бо кислород зерсохтори зарурӣ муҳайё гардад.

“Маблағгузории мазкур инчунин ба харидории таҷҳизоти зарурӣ ва муҷаҳҳазгардонӣ барои муолиҷа бо истифодаи оксиген, инчунин доруворӣ барои он бо шумули дексаметазон ва дигар маводи терапевтии иҷозашуда шароит фароҳам меорад”, – қайд мешавад дар маълумот.

Ғайр аз ин, ба 70 ҳазор хонаводаҳои осебпазир дар саросари Тоҷикистон кумаки пулии таъҷилии яквақта дода мешавад.

“Кумакпулӣ тариқи барномаи ёрии иҷтимоии таъинотӣ (унвонӣ), ки Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ ба он масъул аст, пешниҳод мегардад”, – шарҳ додаанд намояндагони Бонк.

Дастгирӣ ба маблағи умумии 21,2 млн доллар аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ дар доираи Лоиҳаи вокуниши фаврӣ ба хатари COVID-19 дар Тоҷикистон, ки моҳи апрели соли 2020 маъқул дониста шуд, сурат мегирад. Маблағи аввалияи ин лоиҳа 11,3 млн долларро ташкил медод.

Қобили зикр аст, ки Бонки ҷаҳонӣ шарики дарозмуҳлати бахши тандурустии Тоҷикистон мебошад. Сармоягузории ҷории ин Созмон ба соҳаи тандурустӣ зиёда аз 42 млн долларро ташкил медиҳанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.