Барои дастгирии буҷет соли 2020 аз мададрасонони хориҷӣ 342 млн доллар дастрас шуд

Соли гузашта созмонҳои байнулмилалии молиявӣ ба ҳукумати Тоҷикистон барои дастгирии буҷети давлатӣ 342 млн доллар (ҳудуди 3,6 млрд сомонӣ) маблағ доданд, хабар медиҳад Вазорати молияи ҷумҳурӣ. Дар Вазорати молия қайд мекунанд, ки воситаҳои дастрасшуда ба маблағгузории бахшҳои афзалиятноки иҷтимоӣ равона гардиданд. Дар маълумот қайд мешавад, ки аз ҳисоби ин маблағҳо уҳдадориҳо оид ба пардохти музди […]

Соли гузашта созмонҳои байнулмилалии молиявӣ ба ҳукумати Тоҷикистон барои дастгирии буҷети давлатӣ 342 млн доллар (ҳудуди 3,6 млрд сомонӣ) маблағ доданд, хабар медиҳад Вазорати молияи ҷумҳурӣ.

Дар Вазорати молия қайд мекунанд, ки воситаҳои дастрасшуда ба маблағгузории бахшҳои афзалиятноки иҷтимоӣ равона гардиданд.

Дар маълумот қайд мешавад, ки аз ҳисоби ин маблағҳо уҳдадориҳо оид ба пардохти музди меҳнат ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ иҷро шуда, маблағгузорӣ ба соҳаи тандурустӣ ва ҳаҷми кумаки иҷтимоии унвонӣ ба қишри осебпазири аҳолӣ зиёд шуд, инчунин аз ин ҳисоб қарзҳои беруна пардохт шуда, ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисод маблағгузорӣ сурат гирифт.

Таъкид мешавад, ки маблағи қарзи имтиёзноки Хазинаи байнулмилалии асъор – 189,5 млн доллар, кумаки бебозгашти Бонки осиёии рушд – 102,5 млн доллар ва қарзи Фонди авруосиёии субот ва рушд – 50 млн долларро ташкил медиҳанд.

Ин кумаку қарзҳо имкон дод, ки нақшаи тасҳеҳшудаи даромади буҷети давлатӣ ба андозаи 0,1% (20,3 млн сомонӣ) барзиёд иҷро карда шавад.

Тибқи маълумоти Вазорати молия, ҳаҷми умумии қисмати даромади буҷети давлатӣ дар соли гузашта 24,3 млрд сомониро ташкил дод.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.