Эмомалӣ Раҳмон ба зиёд кардани стипендияи донишҷӯён дастур дод

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 25 феврал  “Дар бораи зиёд намудани андозаи стипендияи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва миёнаи касбии ҶТ” фармон ба имзо расонид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ҳамчунин андозаи стипендияҳои магистру аспирант ва докторантҳо низ зиёд карда мешаванд.

“Аз 1 сентябри соли 2021 андозаи стипендияҳои амалкунандаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва миёнаи касбӣ (ба ғайр аз стипендияҳои президентӣ, курсантҳои муассисаҳои олии ҳарбӣ ва Академияи Вазорати корҳои дохилии ҶТ), инчунин магистр, аспирант ва докторантҳо ба андозаи 30 фоиз зиёд карда шавад”, – омадааст дар фармони сарвари давлат.

Гуфта мешавад, ба ҳукумати ҷумҳурӣ дастур дода шуд, ки ҷиҳати амалигардонии фармони мазкур тадбирҳои зарурӣ андешад.

Қобили зикр аст, ки айни замон донишҷӯёни аълохони мактабҳои олии ҷумҳурӣ 239 сомонӣ, миёна – 173 сомонӣ ва паст – 64 сомонӣ стипендия мегиранд.

Барои аспирантҳо 564 сомонӣ стипендия муқаррар шуда, маблағи стипендияи президентӣ барои донишҷӯён ба 942 сомонӣ баробар аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.