Шоири тоҷик академики байналмилалии адабиёти рус интихоб шуд

Бо қарори Президиуми Академияи байналмилалии адабиёти Рус аз 28 январи соли равон Абдуқаҳҳори Қосим академики ин ташкилоти адабӣ интихоб шуд. Ба иттилои Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, Сарварии академияро гранд-академики Академияи Аврупоии адабиёти Рус, докторои илмҳои фалсафа, профессор ва шоир Григорий Борисович Осипов бар уҳда дорад. Абдуқаҳҳори Қосим айни ҳол дар шаҳри Турсунзода зиндагӣ мекунад ва ният […]

Бо қарори Президиуми Академияи байналмилалии адабиёти Рус аз 28 январи соли равон Абдуқаҳҳори Қосим академики ин ташкилоти адабӣ интихоб шуд.

Ба иттилои Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, Сарварии академияро гранд-академики Академияи Аврупоии адабиёти Рус, докторои илмҳои фалсафа, профессор ва шоир Григорий Борисович Осипов бар уҳда дорад.

Абдуқаҳҳори Қосим айни ҳол дар шаҳри Турсунзода зиндагӣ мекунад ва ният дорад бо ашъораш дар ҷашнҳои 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва 110-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода саҳми арзанда гузорад.

Ёдовар мешавем, ки соли 2020 шеъри «Бешаи анбӯҳи андеша»-и шоири тоҷик Абдуқаҳҳори Қосим дар «Озмуни телевизионии шеъри рӯзномаҳои ҷаҳон», ки дар шаҳри Пекини Чин баргузор гардид, таҳти унвони «Ғолибони барҷаста» («The Outstanding Winners») соҳиби Шоҳҷоизаи озмун гардид.

Инчунин дар 30-юмин солгарди Фестивали адабии байналмилалии Меделин, ки ба таври онлайн дар шаҳри Меделини Колумбия баргузор гардид ва дар он 40-умин солгарди таъсиси мукофоти алтернативии Нобел низ ҷашн гирифта шуд, бори аввал аз Тоҷикистон шоири тоҷик, журналист ва мутарҷим Абдуқаҳҳори Қосим иштирок намуда, бо забони тоҷикӣ шеърҳои худро қироат намуд.

Ҳамзамон соли 2020 шоири тоҷик Абдуқаҳҳори Қосим ба гирифтани ҷоизаи ба номи Сергей Есенин ба хотири саҳмгузорӣ дар рушди забони рус сарфароз гардида буд ва қаблан низ ӯ  барандаи медали нуқраи ҷашнвораи IV умумирусиягии адабии "ЛиФФт-2019" дар Тюмен шуд.

Бояд гуфт, ки ашъори Абдуқаҳҳори Қосим то имрӯз ба забонҳои англисӣ, испанӣ, чинӣ, фаронсавӣ, немисӣ, сербӣ, ҳиндӣ, португалӣ, банголӣ, полякӣ, туркӣ, озарбойҷонӣ, форсӣ, туркманӣ, қирғизӣ ва ғайра тарҷума шуда, дар антологияи (тазкираи) Нависандагони муосири Авруосиё 2019-2020, дар антологияи «Поэтикӣ», Садои шоирони ҷаҳон-2020 «Мексика», антологияи шоирон аз 103 давлати дунё – «Хотираҳо аз ҷашнвораи 30-юми байналмилалии шеъри «Меделлин» – Колумбия (Memorias del 30º Festival Internacional de Poesía de Medellín», антологияи «Гогёшии ҷаҳон», «World of Gogyoshi»- Япония, «Антологияи шоирони ҷаҳон»- Непал ва маҷаллаҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Чин, Россия, Украина, Туркия, Озарбойҷон, Бангладеш, Полша, Руминия, Ҳиндустон ва ғайра инъикос гардидаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.