Эмомалӣ Раҳмон ба зиёд кардани стипендияи донишҷӯён дастур дод

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 25 феврал  “Дар бораи зиёд намудани андозаи стипендияи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва миёнаи касбии ҶТ” фармон ба имзо расонид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ҳамчунин андозаи стипендияҳои магистру аспирант ва докторантҳо низ зиёд карда мешаванд. “Аз 1 сентябри соли 2021 андозаи стипендияҳои амалкунандаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти […]

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 25 феврал  “Дар бораи зиёд намудани андозаи стипендияи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва миёнаи касбии ҶТ” фармон ба имзо расонид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ҳамчунин андозаи стипендияҳои магистру аспирант ва докторантҳо низ зиёд карда мешаванд.

“Аз 1 сентябри соли 2021 андозаи стипендияҳои амалкунандаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва миёнаи касбӣ (ба ғайр аз стипендияҳои президентӣ, курсантҳои муассисаҳои олии ҳарбӣ ва Академияи Вазорати корҳои дохилии ҶТ), инчунин магистр, аспирант ва докторантҳо ба андозаи 30 фоиз зиёд карда шавад”, – омадааст дар фармони сарвари давлат.

Гуфта мешавад, ба ҳукумати ҷумҳурӣ дастур дода шуд, ки ҷиҳати амалигардонии фармони мазкур тадбирҳои зарурӣ андешад.

Қобили зикр аст, ки айни замон донишҷӯёни аълохони мактабҳои олии ҷумҳурӣ 239 сомонӣ, миёна – 173 сомонӣ ва паст – 64 сомонӣ стипендия мегиранд.

Барои аспирантҳо 564 сомонӣ стипендия муқаррар шуда, маблағи стипендияи президентӣ барои донишҷӯён ба 942 сомонӣ баробар аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.