Писари Маҳмурод Одинаев ҳам ба дунболи падараш 6 сол равонаи зиндон шудааст

Asia-Plus

Додгоҳи шаҳри Ҳисор Шайхмуслиҳиддин Ризоев, писари Маҳмурод Одинаев, муовини зиндонишудаи Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистонро барои 6 сол равонаи зиндон кардаанд.  Дар ин бора "Радиои Озодӣ"  бо истинод ба Додгоҳи шаҳри  Ҳисор иттилоъ додааст. 

Ба гуфтаи манбаъ ҳукми Шайхмуслиҳиддин Ризоев 25-уми март содир шудааст, аммо танҳо додгоҳ ин хабарро имрӯз таъйид кардааст. 

Мақомот гуфтанд, ӯ ба авбошӣ ва талоши таҷовуз ба номус гунаҳкор аст. Пайвандонаш ҳукми додгоҳро беасос дониста, гуфтанд, ӯ қурбонии фаъолиятҳои сиёсии падараш шудааст,-навиштааст "Радиои Озодӣ".

Як масъули додгоҳ бидуни зикри номаш гуфтааст, ки Шайхмуслиҳиддин Ризоев бар асоси моддаҳои 237, қисми 2 (авбошӣ) ва 32-138 (қасди таҷовуз ба номус) гунаҳкор дониста шудааст.

Пайвандони Ризоев гуфтанд, ҳукми додгоҳро қабул надоранд, чун ба иддаои онҳо, "ӯ зери шиканҷа ба гуноҳ эътироф кардааст". Меҳринигор Ризоева, модари Шайхмуслиҳҳиддин Ризоев, рӯзи 1-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, "ҳатто моро ба толори додгоҳ роҳ надоданд".

Масъулини Додгоҳи шаҳри Ҳисор ва мақомоти дигари расмӣ дар бораи ҷузъиёти парвандаи Шайхмуслиҳиддин Ризоев шарҳ надодаанд. Аз ҷумла, маълум нест, бар асоси кадом далел Ризоев ба қасди таҷовуз ба номус айбдор шудааст. Пештар Вазорати корҳои дохилӣ гуфта буд, Ризоев ба авбошӣ дар як тарабхонаи шаҳри Ҳисор муттаҳам аст.

Шайхмуслиҳиддин Ризоев дар ҳоле ба 6 сол зиндон маҳкум мешавад, ки як моҳ пеш падари ӯ, Маҳмурод Одинаев, 14 сол аз озодӣ маҳрум гардид. Додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ рӯзи 28-уми январи имсол Одинаевро ба авбошии гуруҳӣ ва даъват ба сарнагунии ҳокимият айбдор кард. Худи ӯ ҳукми додгоҳро напазируфт ва беасос донист.

Ҳамроҳ бо Маҳмурод Одинаев, писари дигараш Ҳабибулло Ризоев, низ дар курсии айбдорӣ нишаста буд ва ӯ ба пардохти 58 ҳазор сомонӣ ҷарима муваззаф шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...