Писари Маҳмурод Одинаев ҳам ба дунболи падараш 6 сол равонаи зиндон шудааст

Додгоҳи шаҳри Ҳисор Шайхмуслиҳиддин Ризоев, писари Маҳмурод Одинаев, муовини зиндонишудаи Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистонро барои 6 сол равонаи зиндон кардаанд.  Дар ин бора "Радиои Озодӣ"  бо истинод ба Додгоҳи шаҳри  Ҳисор иттилоъ додааст.  Ба гуфтаи манбаъ ҳукми Шайхмуслиҳиддин Ризоев 25-уми март содир шудааст, аммо танҳо додгоҳ ин хабарро имрӯз таъйид кардааст.  Мақомот гуфтанд, ӯ ба авбошӣ […]

Додгоҳи шаҳри Ҳисор Шайхмуслиҳиддин Ризоев, писари Маҳмурод Одинаев, муовини зиндонишудаи Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистонро барои 6 сол равонаи зиндон кардаанд.  Дар ин бора "Радиои Озодӣ"  бо истинод ба Додгоҳи шаҳри  Ҳисор иттилоъ додааст. 

Ба гуфтаи манбаъ ҳукми Шайхмуслиҳиддин Ризоев 25-уми март содир шудааст, аммо танҳо додгоҳ ин хабарро имрӯз таъйид кардааст. 

Мақомот гуфтанд, ӯ ба авбошӣ ва талоши таҷовуз ба номус гунаҳкор аст. Пайвандонаш ҳукми додгоҳро беасос дониста, гуфтанд, ӯ қурбонии фаъолиятҳои сиёсии падараш шудааст,-навиштааст "Радиои Озодӣ".

Як масъули додгоҳ бидуни зикри номаш гуфтааст, ки Шайхмуслиҳиддин Ризоев бар асоси моддаҳои 237, қисми 2 (авбошӣ) ва 32-138 (қасди таҷовуз ба номус) гунаҳкор дониста шудааст.

Пайвандони Ризоев гуфтанд, ҳукми додгоҳро қабул надоранд, чун ба иддаои онҳо, "ӯ зери шиканҷа ба гуноҳ эътироф кардааст". Меҳринигор Ризоева, модари Шайхмуслиҳҳиддин Ризоев, рӯзи 1-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, "ҳатто моро ба толори додгоҳ роҳ надоданд".

Масъулини Додгоҳи шаҳри Ҳисор ва мақомоти дигари расмӣ дар бораи ҷузъиёти парвандаи Шайхмуслиҳиддин Ризоев шарҳ надодаанд. Аз ҷумла, маълум нест, бар асоси кадом далел Ризоев ба қасди таҷовуз ба номус айбдор шудааст. Пештар Вазорати корҳои дохилӣ гуфта буд, Ризоев ба авбошӣ дар як тарабхонаи шаҳри Ҳисор муттаҳам аст.

Шайхмуслиҳиддин Ризоев дар ҳоле ба 6 сол зиндон маҳкум мешавад, ки як моҳ пеш падари ӯ, Маҳмурод Одинаев, 14 сол аз озодӣ маҳрум гардид. Додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ рӯзи 28-уми январи имсол Одинаевро ба авбошии гуруҳӣ ва даъват ба сарнагунии ҳокимият айбдор кард. Худи ӯ ҳукми додгоҳро напазируфт ва беасос донист.

Ҳамроҳ бо Маҳмурод Одинаев, писари дигараш Ҳабибулло Ризоев, низ дар курсии айбдорӣ нишаста буд ва ӯ ба пардохти 58 ҳазор сомонӣ ҷарима муваззаф шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.