Филми нави ҳаҷвии “Сейф” бо забонҳои помирӣ

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон филми бадеию мазҳакавии «Сейф» дар бораи саёҳатҳои се қаҳрамон, ки аввал дуздӣ мекунанду сипас ба «роҳи рост» мегараванд, наворбардорӣ шудааст. Ин филмро ширкати синамогарии «Наник» сохтааст, ки он дар ноҳияи Рӯшони ВМКБ ва шаҳри Хуҷанд рӯйи навор омадааст.

Ин нахустин филми бадеие мебошад, ки ширкати «Наник» сохтааст. Дар асл ин ширкат ба таҳияи филмҳои мустанад дар мавзӯъҳои доғи иҷтимоӣ сару кор дорад.

Таҳиякунандагони филм мегӯянд, ки нахустнамоиши он бояд моҳи марти ҳамин сол баргузор мешуд, аммо ба далели ҳамагирӣ филм комилан омода нашуд.

«Ҳоло мо барои манзури бинандагон кардани филм тасмим дорем, онро то Рӯзи кӯдакон (1 июн) омода кунем», – гуфт ба «Азия-Плюс» коргардони филм, Мемоншо Мемоншоев.

Ҳамсӯҳбати мо афзуд, ки филм соли 2019 ба навор гирифта шудааст ва дар бораи саргузашти се қаҳрамони синну соли гуногун нақл мекунад.

«Филм дар асоси рӯйдодҳои воқеӣ ба навор гирифта шудааст. Қаҳрамонони филм сейферо медузданд, аммо дар ниҳоят онҳо ризокор мешаванд”, – гуфт коргардон.

Вай ҳамчунин таъкид кард, ки ин «нахустин достони бадеии мазҳакавӣ» ҳам барои худаш ва ҳам афроде, ки дар наворбардорӣ ва нақшҳо иштирок кардаанд, мебошад.

«Барои наворбардор, таҳиягари ҳунарӣ, ҳунармандон Давлатхон Доробов, Хусрав Ҳабиб ва Хоркаш Толибхонов – марди солхӯрдае, ки аслан ҳунарманд нест, кори нахустин буд", – гуфт Мемоншоев.

Ба гуфтаи ӯ, бо вуҷуди «мушкилоти зиёд ҳангоми наворгирӣ» онҳо аз сӯйи раиси ВМКБ, ризокорон ва сокинони одии муқаррарии ноҳияи Рӯшон дастгирӣ гардиданд.

«Аммо, дар асл, ба мо ширкати «Помир Энержӣ» кӯмак кард. Ташаккури зиёд ба роҳбар ва тамоми маъмурияти ширкат барои ёрияшон, ҳамчунин ташаккур аз мардуми одӣ ва ризокорон”,-  гуфт коргардони филм.

Дар мавриди чаро маҳз онҳо тасмим гирифтанд, ки филми бадеӣ-мазҳакавӣ ба навор бигиранд, Мемоншоев посух дод, ки ӯ қарор кард, ки «барои зиёд кардани шумораи тасвирҳои хубу зебо» тасмим гирифтааст, филми мазҳакавӣ бинависад.

«Мо тасмим гирифтем, ки як филми мазҳакавиро ба навор гирем, то мусбат бештар шавад, чун мардум низ аз филмҳои манфӣ хаста шудаанд. Ман худам дар зиндагӣ як шахси шӯхам ва қарор додам, ки филми хандоваре ба навор гирам. Сенарияи филм кайҳо омода буд ва тасмим гирифтем, ки филмро танҳо ду сол пеш ба навор гирем», – гуфт Мемоншоев.

Ба гуфтаи ӯ, филм бо забонҳо помирӣ ва русиву англисӣ сурат мегирад. Барои ҳамин, нахустнамоиши филмро ба таъхир гузоштан пеш омад.

«Ман мехостам, ки дар филм ҳама чиз ба таври зинда бошад, ҳатто овоз. Аммо аз сабаби пандемия мо натавонистем овозҳоро саривақт забт кунем. Ҳарчанд худи филм дар тӯли 15 рӯз омода шуд, аммо садобардориро ба таъхир гузоштан лозим буд”, – илова кард коргардон.

Бояд гуфт, ки ин филми чоруми Мемоншоев аст, ки дар Бадахшон рӯйи навор меояд, ки се филми пешин  ҳамагӣ мустанад буданд.

Мемоншо Мемоншоев коргардони филмҳои мустанади иҷтимоиву тарбиятӣ, узви Иттифоқи кинематографистон ва Анҷумани каскадёрҳои Русия мебошад. Вай бештар аз 25 филми мустанад, аз ҷумла филмҳоеро ба навор гирифтааст, ки дар ҷашнвораҳои гуногун ҷоизаҳоро гирифтаанд. Манзараҳои филмҳо ба ба масоили гуногуни шадиди иҷтимоӣ бахшида шудаанд ва хусусияти иҷтимоиву тарбиявӣ доранд. Онҳо даъвате барои ташаккули арзишҳои иҷтимоӣ дар байни насли ҷавон мебошанд.

Мемоншоев ҳамчунин президенти Бунёди хайрияи ҳифзи модарону кӯдакон "Маро биёб, модар" – «Найди меня мама» аст, ки соли 2009 таъсис ёфтааст. Мақсади бунёд ёрӣ ба занонест, ки кӯдакони хурдсоли навзод доранд ва гирифтори мушкилоти вазнини рӯзгоранд ё кӯдакони бемор доранд, мебошад.

Ширкати синамогарии «НАНИК» низ як бахши ин Бунёди хайрия мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...