Роҳхати 50 нафар хонандагони литсейи Хуҷанд ба даври финалии олимпиадаи «IMEC – online»

Дар Англия даври якуми Олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни математика "IMAC – online" тариқи фосилавӣ баргузор гардид, ки дар ин Олимпиада 60 нафар хонандагони Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд аз рӯи се категорияи синнусолӣ иштирок карданд. Дар ин олимпиада аз фанни математика ҳудуди 10 ҳазор нафар хонадагон аз 28 кишвари саросари дунё ширкат меварзанд. […]

Дар Англия даври якуми Олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни математика "IMAC – online" тариқи фосилавӣ баргузор гардид, ки дар ин Олимпиада 60 нафар хонандагони Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд аз рӯи се категорияи синнусолӣ иштирок карданд.

Дар ин олимпиада аз фанни математика ҳудуди 10 ҳазор нафар хонадагон аз 28 кишвари саросари дунё ширкат меварзанд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории Хуҷанд, дар натичаи эълони расмии Кумитаи тадорукоти Олимпиадаи "IMAC – online" аз 60 нафар хонандагони Литсей 50 нафарашон барои иштирок ба даври финалии олимпиада, ки 8 майи соли равон баргузор мегардад, роҳхат гирифтанд.

Қайд мешавад, ки дар литсей барои хонандагони болаёкати шаҳри Хуҷанд кор бо хонандагони болаёқат ва гуруҳҳои олимпӣ ҷиддӣ ба роҳ монда шудааст. Дар ҳаракати олимпии литсей 150 хонанда шомил буда, дар соли хониши 2020-2021 хонандагони болаёқати литсей дар 6 олимпиадаи сатҳи ҷаҳонӣ иштирок намуда, боз дар 4 озмунҳои сатҳи ҷаҳонӣ аз фанҳои дақиқ ва забономузӣ омодагии ҷиддӣ дида истодаанд.

Бо истинод ба гуфтаҳои директори литсей Сурайё Негматова гуфта мешавад, дар соли хониши 2020-2021 толибилмони Литсей дар олимпиадаҳои ҷаҳонӣ дар кишварҳои Таиланд, Туркия, Федератсияи Россия иштирок намуда, 39 медал – 22 медали тилло, 8 медали нуқра ва 9 медали биринҷӣ ба даст овардаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.