Дар Тоҷикистон барои занони ҳомила ҳуҷраҳои “хушунат” таъсис додаанд

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон барои занони ҳомилае, ки аз  ҷониби шавҳар ё хонаводаи ӯ мавриди озору азият қарор мегиранд  дар шуъбаҳои таваллудхонаҳои бемористонҳои кишвар  ҳуҷраи «хушунат» таъсис дода мешавад.

Зулфия Абдусамадзода, муовини вазири тандурустӣ ба «Азия-Плюс» гуфт,  ҳарчанд ин шуъбаҳо дар беморхонаҳои озмоишӣ, аз ҷумла дар бемористони «Истиқлол»-и пойтахт, беморхонаи вилоятии шаҳри Бохтар, шаҳри Левакант ва ноҳияи Хуросон вуҷуд доранд, вале  гуфт, «иловатан бояд дар шуъбаҳои таваллудхонаҳо низ ҳуҷраҳои «хушунат» таъсис дода шаванд, чун эҳтиёҷ ба онҳо дар ин шуъба вуҷуд дорад».

Номбурда гуфт, ки ин ҳуҷраҳо барои занони бордор, ки мавриди озору азият дар хонавода қарор мегиранд, омода шуда шароит барои онҳо муҳайё гардидааст, ки дар сурати муроҷиат дар ин ҳуҷра бистарӣ мешаванд.

Ин занон дар ҳуҷраҳо бистарӣ шуда,  тамоми нигоҳубин ва хизматрасонии ба онҳо ройгон пешниҳод карда мешавад,- мегӯяд муовини вазир.

Ин мақоми давлатӣ мегӯяд, ки дар кишвар ниёз ба вуҷуди ин гуна ҳуҷраҳо ҳаст.

«Табиист, ки  баъди озори ҷинсӣ ё шиканҷа дар бадани зан оризаҳо боқӣ хоҳанд монд ва ӯ намехоҳад касе  ӯро дар ин ҳолат бубинад. Ҳамин ҳуҷраҳо барои чунин занҳо хеле лозиманд, чунки онҳо дар танҳоӣ он ҷо бистарӣ мешаванд, тамоми хароҷот ва табобати ройгон барои онҳо муҳайёст. Мутахассисон ва равоншиносон бо онҳо кор мекунанд. Ичунин барои занони ҳомила, ки уфтодаанд ва осеб дидаанд, имкони бистарӣ дар ин ҳуҷраҳо аст. Ва дар ҳолати муроҷиат намудани бемор ин ҳуҷраҳо бояд ҳамеша омода бошанд ва хизматрасонӣ дар сатҳи олирро ба чунин занон бояд бирасонанд», – илова кард Абдусамадзода.

Ҳуҷраҳои «хушунат», ки ҳоло дар бархе азбеморхонаҳо фаъол шудаанд  бо ҳимояти ҳукумат ва  созмонҳои байналмилалӣ омода ва таъсис дода шудаанд.

Таъсиси ин  ҳуҷраҳоро дар таваллудхонаҳо  қонун «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» пешбинӣ кардааст, ки соли 2013 қабул шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...