Ҳудуди шаҳри Панҷакент як баробар васеъ шудааст

Ҳудуди шаҳри Панҷакенти виллояти Суғд як баробар васеъ шудааст. Дар ин бора сармеъмори шаҳри Панҷакент Зафар Шарифзод ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод. Ба гуфтаи сармеъмор, бар асоси нақшаи генералии соли 1984, масоҳати шаҳри Панҷакент ба истиснои деҳот, 659 ҳекторро ташкил медод ва соли 2017 нақшаи кулли шаҳр омода ва тасдиқ шуд, ки аз рӯи он масоҳати шаҳр […]

Хуршед Фозилов, Asia-Plus

Ҳудуди шаҳри Панҷакенти виллояти Суғд як баробар васеъ шудааст. Дар ин бора сармеъмори шаҳри Панҷакент Зафар Шарифзод ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод.

Ба гуфтаи сармеъмор, бар асоси нақшаи генералии соли 1984, масоҳати шаҳри Панҷакент ба истиснои деҳот, 659 ҳекторро ташкил медод ва соли 2017 нақшаи кулли шаҳр омода ва тасдиқ шуд, ки аз рӯи он масоҳати шаҳр ба 2833 ҳектор  расидааст.

Як қисми ҷамоати деҳоти Хурмӣ ва қисмате аз ҷамоати Халифа Ҳасану Чинор  ҳам ба шаҳр ҳамроҳ карда шуданд, – гуфт Зафар Шарифзода.

Вале то ба ҳол, бино  ба маълумоти сармеъмор  нақшаи муфассал омода нашудааст ва айни замон Институти лоиҳакашии «Шаҳрофар», онро тартиб дода истодааст. Яъне танҳо сарҳади шаҳр муайян шудаасту, аммо то ба ҳол дар ҳуҷҷатгузориҳо деҳоти ба шаҳр ҳамроҳшуда, дар қайди ҷамоатҳо боқӣ мондаанд.

Шаҳри Панҷакент дар қисмати шимолу ғарбии Тоҷикистон ҷойгир буда, беш аз 306 000 аҳолӣ дошта, аз 14 ҷамоату деҳот ва 18 маҳаллаи шаҳрӣ иборат аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.