Суманаки 30-метрии Душанберо ҳукумат не, соҳибкорон месозанд

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар майдони "Дӯстӣ"-и Душанбе рамзи бузурги Наврӯз – суманаки наврӯзӣ бо баландии 30 метр қомат меафрозад. Паҳноии ин рамзи наврӯзӣ 16 метр хоҳад буд, иттилоъ дод як манбаъ аз шаҳрдории Душанбе ба "Азия-Плюс". 

Дар ин майдон ҳамчунин дигар намунаҳои манзараҳои наврӯзӣ, аз қабили дарахтони мевадор, гулу гулзорҳои гуногун ва дигар вижагиҳои Наврӯз низ насб хоҳанд шуд. 

Ин манбаъи шаҳрдорӣ мегӯяд, ки насби рамзи наврӯзӣ дар Душанбе аз ҳисоби ҳукумат не, балки аз ҳисоби соҳибкорон, ба таври ихтиёрӣ сурат мегирад.

«Ду соҳибкори пойтахт довталабона изҳор карданд, ки аз ҳисоби худ  барои насби рамзи Наврӯз дар маркази Душанбе сармоягузорӣ мекунанд. Онҳо хоҳиш карданд, ки аз онҳо ва маблағе, ки масраф мекунанд ном набарем», – мегӯяд манбаъ. 

Имсол Наврӯз, ҷашни миллии тоҷикон дар Тоҷикистон, бидуни намоиши театришудаи анъанавӣ бо қарори Ситоди ҷумҳурявии мубориза бо каронавирус дар тоҷикистон, мегузарад. Танҳо чорабиниҳои варзишиву фарҳангӣ дар маконҳои фароғативу варзишӣ бо риояти қоидаҳои беҳдоштии замони коронавирус, баргузор мешаванд. 

Соли гузашта ҳам дар Тоҷикистон ҳамин гуна суманаки 30-метраи рамзи Наврӯз насб карда буданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...