Болоравии нархи бензин роҳкирои микроавтобус ва таксиҳоро дар Суғд боло бурд

Болоравии нархи бензин ва маводи дигари сӯхт дар Тоҷикистон сабаби боло рафтани нархи роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятии шаҳрҳои вилояти Суғд гаштааст. Ҳамчунин дар шаҳри Хуҷанд нархномаи хидматрасонии ширкатҳои таксӣ низ тағйир ёфтааст.  Ба далели болоравии нархи газ, бензин ва сӯзишвории дизелӣ арзиши роҳкирои микроавтобусҳои дохили шаҳрии Хуҷанд аз 1,30 дирам ба 1,50 дирам гарон шуд. Мурод Қодиров […]

Болоравии нархи бензин ва маводи дигари сӯхт дар Тоҷикистон сабаби боло рафтани нархи роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятии шаҳрҳои вилояти Суғд гаштааст. Ҳамчунин дар шаҳри Хуҷанд нархномаи хидматрасонии ширкатҳои таксӣ низ тағйир ёфтааст. 

Ба далели болоравии нархи газ, бензин ва сӯзишвории дизелӣ арзиши роҳкирои микроавтобусҳои дохили шаҳрии Хуҷанд аз 1,30 дирам ба 1,50 дирам гарон шуд.

Мурод Қодиров масъули Раёсати муассисаи давлатии нақлиёти автомобили хизматрасонии логистикӣ дар вилояти Суғд ба “Азия-Плюс” гуфт якбора боло рафтани қимати маводи сӯхт ба кори ронандагон таъсири амиқи худро расонидааст. Вай мегӯяд 90 дарсади микроавтобусҳои мусофиркашон бо сӯзишвории дизелӣ ва 10 дарсад бо газ кор мекунад, ки дар ниҳоят гароншавии ин маводи сӯхт ба кори ширкатҳои  мусофиркашонӣ таъсири худро расонид.

“Ҳоло арзиши газ аз 3 сомонӣ то 4,5 сомонӣ ва сӯзишвории дизелӣ аз 5,80-5,90 сомонӣ то 8 сомонӣ гарон шудааст. Аз сабаби боло рафтани нархи сӯзишворӣ маҷбур ба тарифи номиналӣ гушатем. Оғози соли 2018 фармони Вазири нақлиёти Тоҷикистон таҳти №19  содир шуда буд, ки мувофиқи он нархи мусофиркашонии дохилишаҳрӣ мебоист ҳамон сол 1,50 дирам шавад. Лекин он сол ба сабаби хуб набудани шароити аҳолӣ мо 1,30 дирам муқаррар карда ин нархро давоми се сол инҷониб нигоҳ дошта омадем”.

Дар ҳамин ҳол чанде аз ширкатҳои таксӣ дар Хуҷанд низ арзиши хизматрасонӣ дар барномаи муштариёнашонро иваз кардаанд. Як масъули ширкати такси “Maxim” мегӯяд нарх вобаста ба талабот ва вазъияти роҳ мисол аз маҳаллаи 34 то истгоҳи “Гулиҷаҳон”-и Панҷшанбе 8 сомонӣ шудааст, ки қаблан 7 сомонӣ буд.

“Ду се рӯз шуд нархнома ҳамин хел дар барнома иваз шудааст. Сӯзишворӣ қимат шуд аз ҳамин ҳисоб”-мегӯяд, масъули равобити умумии ширкат.

Оператори ширкати таксии “Рахш” мегӯяд арзиши роҳкиро ба мусофирон дар 4 километри аввали дохилишаҳрӣ 7 сомонӣ аст ва баъди убури марзи он  барои ҳар як километри дохилишаҳрӣ 1,5 сомонӣ ва берун аз ҳудуди шаҳрӣ 2 сомонӣ зам мешавад. Аз рӯйи гуфти масъулини ин ширкат “нархномаи хизматрасонӣ иваз нашудааст” ва барои мисол аз маҳаллаи 34 то бозори Панҷшанбе 8 сомонӣ боқӣ мондааст.

Дар ширкати “Express Таксӣ” низ гуфтанд, ки гароншавии маводи сӯхт ба тағйири нархномаҳои онҳо ҳам сабаб шудааст.

Чанде аз ронандагони мошинҳои сабурав дар Хуҷанд низ дар суҳбат гуфтанд, ки арзиши хизматрасонии дохилишаҳрии таксиҳои сари роҳ низ 10 сомонӣ ва аз он зиёдтар шудааст, ки пештар камтар аз 10 сомонӣ буд. 

Дар ҳоли ҳозир бино ба гуфти як манбаъ аз Идораи нақлиёти мусофиркашонии Хуҷанд, арзиши роҳкирои автобусҳои ҷамъиятии дохилишаҳриро дар марзи 1 сомонӣ нигоҳ дошта истодаанд. Манбаъ нигаронӣ кард, ки бо вуҷуди бетағйир нигоҳ доштани нархи роҳкиро маводи сӯзишвории дизелӣ, ки асосан автобусҳо аз он истифода мебаранд то 2 сомонӣ ва аз он зиёдтар гарон шудааст. “Ин албатта ба роҳкирои мусофиркашонӣ дар автобусҳои давлатӣ ҳам таъсир мерасонад”-мегӯяд манбаъ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.