Ҷоизаи нахустини Соҳиб Табаров ба профессори марҳум Ҳасан Муродиён дода шуд

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Ҷоизаи ба номи Соҳиб Табаров, ки ҳамагӣ чанд рӯз пеш аз сӯйи ҳукумати вилояти Хатлон эълон шуда буд, ба марҳум Ҳасани Муродиён, профессори Донишгоҳи Бохтар ба номи Носири Хусрав дода шуд. Ҷоизаи мазкурро имрӯз Қурбон Ҳакимзода зимни як ҷалласаи тантанавӣ, ки ба хотири Рӯзи матбуот дар вилояти Хатлон баргузор гардид, ба фарзанди марҳум Зокир Ҳасан супурд.

Ҷоизаи мазкур бо қарори раиси вилояти Хатлон дар бахши нақди адабӣ, чанд рӯз пеш барои олимону муҳақиқони соҳаи адабиёт, ташкил карда шуд.

Марҳум Ҳасани Муродиён профессори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, яке аз олимони пуркор дар соҳаи таҳқиқи адабиёт ба ҳисоб рафта, бештар аз 33 китоб ба нашр расондааст.

Ҷоизаи Соҳиб Табаров ба марҳум Ҳасани Муродиён барои китоби “Соғари Саҳбо” дода шуд. Марҳум Муродиён дар ин китоб шеъру ғазалҳои яке аз шоирони хушном Мирзо Ҳайити Саҳборо ҷамъоварӣ карда, дар бораи ҳаёт ва фаъолияти ӯ таҳқиқот анҷом додааст

Дар мавриди Саҳбо Садриддин Айнӣ дар “Намунаи ададбиёти тоҷик” овардааст, ки “Саҳбо соҳибдевон аст. Номи ин пири қурбонии роҳи таҷаддуд, инқилоб ва ҳақгуйиро ба таъбу нашр кардани девонаш, бо тарҷумаи ҳолаш зинда кардан аз ҷумлаи вазифаҳои инқилобист”.

Ҳасани Муродиён дар такя ба ин васияти Садриддин Айни ба пажуҳиши ҳаёту фаъолияти Мирзо Саҳбо шуруъ карда, китоберо бо номи “Соғари Саҳбо” соли 2018 ба нашр мерасонад. Ҳамин асари илмии Ҳасани Муродиён баъди маргаш, имрӯз, 10 март барандаи ҷоизаи Соҳиб Табаров гардид.

Ҳасани Муродиён 20-уми сентябри соли 1958 дар деҳаи Навкорами ноҳияи Вахш, дар хонаводаи кишоварз ба дунё омада, 9-уми ноябри соли 2020 бар асари беморӣ аз олам чашм пӯшид.

Ҳасани Муродиён доктори илмҳои филологӣ, профессори Донишгоҳи Носири Хусрав буд. Марҳум аз худ 33 китоб ва садҳо мақолаҳои илмию публистӣ ба мерос гузоштааст. Ба гуфти наздиконаш 3 китоби дигар марҳум ҳанӯз нашр нашудаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру навоҳии вилояти Суғд идома дорад. Ӯ дирӯз, 29-уми март "бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.