Нигаронии Вазорати нақлиёт аз вазъи роҳҳои мошингарди минтақавӣ

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон вазъи кунунии аксари роҳҳои мошингарди минтақавӣ ва маҳаллии ҷумҳуриро “дорои қобилияти пасти равуо ва ҷавобгӯ набудан ба талаботи меъёрҳои амалкунанда дар кишвар” арзёбӣ кард. “Қисми зиёди шабакаи роҳҳо ба таъмини бехатарии иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ мутобиқи талаботи муосир имкон намедиҳад. Бо сабаби вазъи ғайриқаноатбахши техниии бисёре аз роҳҳои мавҷуда, самаранокии кори нақлиёт […]

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон вазъи кунунии аксари роҳҳои мошингарди минтақавӣ ва маҳаллии ҷумҳуриро “дорои қобилияти пасти равуо ва ҷавобгӯ набудан ба талаботи меъёрҳои амалкунанда дар кишвар” арзёбӣ кард.

“Қисми зиёди шабакаи роҳҳо ба таъмини бехатарии иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ мутобиқи талаботи муосир имкон намедиҳад. Бо сабаби вазъи ғайриқаноатбахши техниии бисёре аз роҳҳои мавҷуда, самаранокии кори нақлиёт дар сатҳи паст қарор дорад”, – қайд мешавад дар Таҳқиқоти аввалияи экологии 9 март чопшудаи “Лоиҳаи рушди устувори шабакаи роҳҳои автомобилгард”.

Гузориши таҳияшуда ба ҷалби дастгирии молиявии Бонки осиёии рушд барои таъмиру барқарорсозии қитъаи роҳи мошингарди Ҳулбук-Темурмалик-Кангурт дар вилояти Хатлон равона гардидааст.

Масофаи қитъаи ин роҳи лоиҳа наздики 59 километрро ташкил дода, яке аз роҳҳои муҳими минтақавӣ дар ҷануби ҷумҳурӣ ба шумор меравад, ки айни замон дар ҳолати ғайриқаноатбахш қарор дорад.

“Бар асари ин дар мавсими тирамоҳу зимистонаҳолии  деҳоти дар паҳлӯи роҳ воқеъбуда аз хизматрасониҳои тиббӣ, дастрасӣ ба таълиму, муассисаҳои давлатӣ ва бонку бозорҳо маҳрум мешаванд. Аз ин рӯ, маълум аст, ки таъмиру барқарор намудани ин қитъаи роҳ хеле муҳим аст”, – мегӯянд мутахассисони Вазорат.

Роҳҳои беҳтарин дар паҳнои ИДМ

Президенти Тоҷикистон рӯзи 26 январи соли ҷорӣ зимни ироаи паём ба парлумон изҳор дошт, ки Тоҷикистон ба яке аз ҳадафҳои стратегии худ – раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ноил гардид.

Ба гуфтаи ӯ, тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ дар соҳаи нақлиёти кишвар 53 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 20,3 млрд сомонӣ амалӣ гардида, беш аз 2200 км роҳҳои дорои аҳаммияти байналмилалӣ бунёд ва ба истифода дода шуданд.

Президент қайд кард, ки солҳои наздик боз бунёди зиёда аз 1500 километр роҳҳои таъиноти байналмилалӣ ба нақша гирифта шудааст.

Ӯ таъкид кард, ки дар соҳаи нақлиёт татбиқи 15 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 8 млрд сомонӣ идома дошта, соли ҷорӣ татбиқи 4 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба анҷом мерасад.

Ӯ ба раддабандии аз ҷониби Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ нашршуда ишора кард, ки аз лиҳози сифати роҳҳо Тоҷикистон байни 141 кишвари саросари дунё зинаи 50-умро ишғол мекунад.

Дар ин раддабандӣ миёни кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ танҳо Озарбойҷон болотар аз Тоҷикистон ҷойгир аст.

Лекин зимни арзёбии вазъитяти роҳҳои автомобилгард муаллифони раддабандӣ шояд вазъияти роҳҳои ВМКБ-ро ба инобат нагирифта бошанд, ки дар муддати 30 соли охир рӯйи таъмиру барқарорсозиро надидаанд.

Масофаи умумии роҳҳои автомобилгарди ҷумҳурӣ айни замон ҳудуди 27 ҳазор километрро ташкил медиҳад. Зиёда аз 14 ҳазор роҳҳои мошингард бо 2232 пул дар тавозун (баланс)-и муассисаҳои дахлдори давлатии тобеи Вазорати нақлиёт ва наздики 13 ҳазор километр роҳи байнихоҷагӣ ва байниидоравӣ дар ихтиёри дигар ташкилоту корхонаҳо қарор доранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.