Раҳмон фармони даъват ба хидматро содир кард: интихоб дақиқ сурат бигирад

Эмомалӣ Раҳмон фармони даъвати баҳории наваскаронро ба Қувваҳои мусаллаҳи кишвар содир кард. Мутобиқи фармон ба Қувваҳои мусаллаҳ шаҳрвандони солҳои таваллуди 1994-2003 дар моҳҳои апрел ва май даъват карда мешаванд. Дар фармони Президенти Тоҷикистон гуфта мешавад, ки "моҳҳои апрел-майи соли 2021 шаҳрвандони ҷинси марди то рӯзи даъват ба синни 18 расида, инчунин шаҳрвандони синни калонтари Ҷумҳурии […]

Эмомалӣ Раҳмон фармони даъвати баҳории наваскаронро ба Қувваҳои мусаллаҳи кишвар содир кард. Мутобиқи фармон ба Қувваҳои мусаллаҳ шаҳрвандони солҳои таваллуди 1994-2003 дар моҳҳои апрел ва май даъват карда мешаванд.

Дар фармони Президенти Тоҷикистон гуфта мешавад, ки "моҳҳои апрел-майи соли 2021 шаҳрвандони ҷинси марди то рӯзи даъват ба синни 18 расида, инчунин шаҳрвандони синни калонтари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бригадаи посбоникунандаи сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баталиони кишоварзии Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда шаванд".

Эмомалӣ Раҳмон дар ин фармон Вазорати дифоъ ва раисони комиссияҳои даъвати вилоятҳову шаҳру ноҳияҳоро бо иштироки кормандони амнияту корҳои дохилӣ ба интихоби дақиқи даъватшудагон ба қӯшунҳои сарҳадӣ, Гвардияи миллӣ ва қисмҳои ҳарбии таъиноти махсус дастур дода, аз онҳо хостааст, ки "бо дарназардошти хусусиятҳои хоси хизмат дар ин воҳидҳо ва дар навбати аввал пуррагардонии онҳо амалӣ намоянд".

Ҳамчунин дар ин фармон ниҳодҳои давлатӣ барои тарғибу ташвиқи маъракаи даъват масъул шудаанд ва ба Вазорати тандурустии Тоҷикистон дастур шудааст, ки барои комиссияи тиббӣ пизишкони ботаҷрибаро сафарбар намояд.

Мутобиқи ин фармон хидматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, моҳҳои апрел-майи соли 2021 гусел карда мешаванд.

Даъвати нави баҳорӣ ба хидмати сарбозӣ дар ҳоле сурат мегирад, ки дар Тоҷикистон моҳи январи имсол ба қонун «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» низ тағйирот сурат гирифт, ки мутобиқи он базе дигаргуниҳо барои даъват ва хидмати сарбозӣ ворид шуд. Ин қонун барои бархе аз категорияҳои дъаватшавандагон хидмати алтернативиро пешбинӣ мекунад, ки онҳо бо пардохти маблағи мушаххасе бо гузаштани хидмати якмоҳаи дастаҷамъӣ аз хидмати сарбозӣ озод карда мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.