Охири ҳафта ҳаво дар Тоҷикистон 2 дараҷа хунук мешавад, ҳатто барф пешгӯйӣ мешавад

Рӯзҳои 13-14 марти соли ҷорӣ бо сабаби воридшавии анбӯҳи ҳавои сарду намнок дар Ноҳияҳои тобеи марказ (НТҶ), вилояти Хатлон, ноҳияҳои ғарбии ВМКБ ва ноҳияҳои доманакӯҳии вилояти Суғд эҳтимолияти ба амал омадани боришоти бошиддат дар назар аст. Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ, дар ноҳияҳои алоҳидаи НТҶ ва вилояти Хатлон рӯзҳои 13 то 14 март ба […]

Рӯзҳои 13-14 марти соли ҷорӣ бо сабаби воридшавии анбӯҳи ҳавои сарду намнок дар Ноҳияҳои тобеи марказ (НТҶ), вилояти Хатлон, ноҳияҳои ғарбии ВМКБ ва ноҳияҳои доманакӯҳии вилояти Суғд эҳтимолияти ба амал омадани боришоти бошиддат дар назар аст.

Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ, дар ноҳияҳои алоҳидаи НТҶ ва вилояти Хатлон рӯзҳои 13 то 14 март ба амал омадани боришоти пуршиддат пешгӯӣ мешавад. Дар бештари ноҳияҳои водӣ-доманакӯҳӣ ва кӯҳии ҷумҳурӣ рӯзи 14 март борон ба барф мубаддал мегардад.

Гуфта мешавад, ба истиснои ВМКБ дар ноҳияҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ шамол аз самти ғарб бо шиддатнокии то 17-22м/с, дар баъзе ҳолатҳо шиддат гирифта то 20-25м/с мевазад.

Рӯзи 14 март дар ноҳияҳои водӣ-доманакӯҳии ҷумҳурӣ ҳарорати рӯзонаи ҳаво то 12-150 паст шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман) мефарояд. Ҳарорат рӯзона 14-16 дараҷа гарм мешавад.

Тибқи маълумоти обуҳавошиносон, рӯзи 14 март дар пойтахт боришот (борону барф), баъзан пуршиддат дар назар буда, ҳарорат рӯзона дар сатҳи 0-2 дараҷа хунук пешбинӣ мешавад.

Рӯзи 14 март бо сабаби якуякбора пастшавии ҳарорати ҳаво дар бештари ноҳияҳои водӣ-доманакӯҳии ҷумуҳурӣ эҳтимолияти зиён дидан ва қисман нобудшавии зироатҳои хоҷагии кишлоқ, гулҳои ороишӣ ва дарахтони мевадиҳанда пешгӯӣ мешавад.

Рӯзҳои 11-15 марти соли ҷорӣ дар ноҳияҳои кӯҳии НТҶ, нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ва ноҳияҳои ғарбии ВМКБ эҳтимолияти фаромадани тарма ва сангреза пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои водибуда ва доманакӯҳии вилоятҳои Хатлон, Суғд ва НТҶ фаромадани сел дар назар аст.

Рӯзҳои 14 ва 15 март дар дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда ва дарёҳои Обихингоб, Қизилсӯ, Ёхсӯ эҳтимолияти баландшавии сатҳи об пешгӯӣ мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.