Тадбирҳои муштараки Тоҷикистону Чин барои ифтитоҳи гузаргоҳи Кулма

Байни мақомоти дахлдори Тоҷикистон ва Чин дар реҷаи онлайн ҷаласаи Гурӯҳи кории механизми муштарак дар робита ба таъмини интиқоли бемамонияти бор тавассути гузаргоҳи марзии “Кулма – Қаросу”, инчунин пешгирӣ ва назорати эпидемия дар сарҳад доир гардид. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати нақлиёти ҶТ, дар ҷаласаи гурӯҳи корӣ ҳайати Тоҷикистонро вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Азим Иброҳим […]

Байни мақомоти дахлдори Тоҷикистон ва Чин дар реҷаи онлайн ҷаласаи Гурӯҳи кории механизми муштарак дар робита ба таъмини интиқоли бемамонияти бор тавассути гузаргоҳи марзии “Кулма – Қаросу”, инчунин пешгирӣ ва назорати эпидемия дар сарҳад доир гардид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати нақлиёти ҶТ, дар ҷаласаи гурӯҳи корӣ ҳайати Тоҷикистонро вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Азим Иброҳим ва ҷониби Чинро муовини якуми раиси ноҳияи Мухтори Синзян Уйғур – Чжан Чунлин роҳбарӣ намуданд.

Гуфта мешавад, дар ҷаласа инчунин намояндагони Вазоратҳои нақлиёт, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, корҳои дохилӣ, корҳои хориҷӣ, Қушунҳои сарҳадии КДАМ, Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, Хадамоти гумрук ва Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт низ ҳузур доштанд.

Дар натиҷаи муҳокимаи масъалаҳои ҷойдошта, ҷонибҳо ба мувофиқа  расиданд, ки барои ҳамлу нақли мунтазам ва самарабахш тавассути гузаргоҳи “Кулма – Қаросу” чораҳои заруриро роҳандозӣ  хоҳанд кард.

Аз ҷумла, пешниҳодҳои ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати паст намудани арзиши боркунию борфарорӣ дар гузаргоҳ, бозпас гирифтани контейнерҳои холӣ ва истифодабарии ядак ва нимядак аз ҷониби ҳайати Чин пазируфта шуд.

Қобили зикр аст, ки постгоҳи сарҳадии “Кулма” дар марзи байни Тоҷикистону Чин аз аввали моҳи октябри соли гузашта баста боқӣ мемонад.

Зимни нишасти матбуотии рӯзи 18 феврали соли равон муовини сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон Азим Турсунзода изҳор дошт, ки дар ин гузаргоҳ зиёда аз 260 адад мошинҳои бузургҳаҷми боркаш (фураҳо) бо молу колои тоҷирони тоҷик ҷамъ шудаанд.

Пеш аз ин вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин зимни вохӯрӣ бо рӯзноманигорон дар ин робита изҳори умедворӣ намуд, ки ҷониби Чин гузаргоҳи “Қулма”-ро то охири моҳи феврал боз мекунад.

Чин ба сегонаи шарикони асосии савдои ҷумҳурӣ шомил буда, аз рӯйи ҳаҷми гардиши молу маҳсулот бо Тоҷикистон пас аз Русия ва Қазоқистон зинаи сеюмро ишғол мекунад.

Соли 2020 аз Чин ба Тоҷикистон ба маблағи ҳудуди 440 млн доллар молу коло ворид шудааст. Дар муқоиса бо як соли пешин, соли 2020 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Чин ба андозаи қариб 20% поин рафт.

Тоҷикистон аз Чин асосан маҳсулоти ғайриозуқа: масолеҳи сохтмон, қисмҳои эҳтиётии автомашинаҳо, сарулибос, техникаву таҷҳизоти гуногун ва дигар чизҳо ворид мекунад. Баъзе маҳсулоти ғизоӣ низ оварда мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.