ВКД: дар Ҳамадонӣ як ҷавони 22-соларо куштаанд

Date:

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон дар натиҷаи як муноқиша як марди 28-сола ҷавони 22-солаеро куштааст. Аммо ин ниҳод далели муноқишаро нагуфтааст.

ВКД мегӯяд, ки гумонбар дар ҷинояти одамкуширо боздошт кардааст. Ба навиштаи ин ниҳод ҷавони 22-сола аз зарби 2 корд ба ҳалокат расидааст. 

"Номбурда,11-уми марти соли 2021, тахминан соати 20:20-дақиқа, дар назди бинои истиқоматиашон бо ҷавони 22-солаи сокини ҷамоати шаҳраки мазкур муноқиша намуда, бо корд 2 маротиба ба қисмати қафаси синааш мезанад. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад".

ВКД ному насаби гумонбар ва нафари кушташударо ошкор накардааст, вале гуфтааст алайҳи гумонбар бо моддаи 104 қисми 1 КҶ ҶТ парванда боз шудааст. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...