ВКД: дар Ҳамадонӣ як ҷавони 22-соларо куштаанд

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон дар натиҷаи як муноқиша як марди 28-сола ҷавони 22-солаеро куштааст. Аммо ин ниҳод далели муноқишаро нагуфтааст. ВКД мегӯяд, ки гумонбар дар ҷинояти одамкуширо боздошт кардааст. Ба навиштаи ин ниҳод ҷавони 22-сола аз зарби 2 корд ба ҳалокат расидааст.  "Номбурда,11-уми марти соли […]

Asia-Plus

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон дар натиҷаи як муноқиша як марди 28-сола ҷавони 22-солаеро куштааст. Аммо ин ниҳод далели муноқишаро нагуфтааст.

ВКД мегӯяд, ки гумонбар дар ҷинояти одамкуширо боздошт кардааст. Ба навиштаи ин ниҳод ҷавони 22-сола аз зарби 2 корд ба ҳалокат расидааст. 

"Номбурда,11-уми марти соли 2021, тахминан соати 20:20-дақиқа, дар назди бинои истиқоматиашон бо ҷавони 22-солаи сокини ҷамоати шаҳраки мазкур муноқиша намуда, бо корд 2 маротиба ба қисмати қафаси синааш мезанад. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад".

ВКД ному насаби гумонбар ва нафари кушташударо ошкор накардааст, вале гуфтааст алайҳи гумонбар бо моддаи 104 қисми 1 КҶ ҶТ парванда боз шудааст. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.