Навраси 13-сола чемпиони шоҳмоти Душанбе шуд

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Мусобиқа аз 21 феврал то 14 март бо иштироки зиёда аз 70 нафар шоҳмотбоз доир гардид.

Дар мусобиқа байни мардон 51 нафар ширкат варзида, ғайриинтизор Ҷалолиддин Илҳомии 13-сола бо касби 7,5 имтиёз аз 9 холи имконпазир дар байни калонсолон ғолибият ба даст овард.

Бо касби ҳамин миқдор имтиёз Меҳриддин Шарифови 17-сола зинаи дуюми мусобиқаро миёни мардон ишғол намуд.

Медали биринҷии мусобиқа низ ба калонсолон насиб нагардида, ба он Шаҳром Салимови 19-сола соҳиб шуд.

“Ин гувоҳи он аст, ки дар Тоҷикистон насли бештар бақуваттари шоҳмотбозон ба воя мерасад”, – иброз дошт ноиби президети Федератсияи миллии шоҳмот, роҳбари Федератсияи шоҳмоти Душанбе Илҳом Юнусов.

Дар рақобатҳо байни занон 22 нафар ширкат варзида, Мутриба Ҳотамӣ бо касби 9 имтиёз аз 9 холи имконпазир бори навбатӣ ба пирӯзӣ ноил гардид.

Зиенаҳои дуюму сеюмро миёни занони шоҳмотбоз Сарвиноз Каримова ва Шукрона Масҳабова ишғол намуданд.

Ба гуфтаи Илҳом Юнусов, имсол чемпионати Душанбе оид ба шоҳмот бо истифода аз таҷрибаи шаҳрҳои бузург доир гардид, яъне бозиҳо рӯзҳои истироҳат сурат мегирифтанд ва аз ин рӯ, баргузории мусобиқа тӯл кашид.

“Ин бартарии худро дорад, – гуфт мутахассис. – Дар рӯзҳои маъмулӣ шоҳмотбозон ба корҳои муқаррарии худ машғуланд – касе таҳсилу дигаре кор мекунад. Аз ин рӯ, барои онҳоро аз таҳсилу кор канор намондан, тасмим гирифтем, ки бозиҳоро рӯзҳои шанбе ва якшанбе баргузор кунем. Озмоиш бобарор анҷом ёфт”.

Аз рӯйи натиҷаҳои мусобиқа 5 нафар беҳтарин шоҳмотбоз байни мардон ва 3 ҷоизадори мусобиқа миёни занон ба иштирок дар Чемпионати Тоҷикистон оид ба шоҳмот, ки тирамоҳи соли ҷорӣ доир мегардад, ҳуқуқ пайдо карданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...