Дар Истаравшан нусхаи рамзи Наврӯзи Душанбе гузошта шуд

Дар майдони марказии шаҳри Истаравшан нусхаи рамзи наврӯзии Душанбе – суманакро гузоштанд. Баландии суманак дар Истаравшан 11 метрро ташкил медиҳад, ки 19 метр пасттар аз суманаки пойтахт мебошад, хабар медиҳад дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан. Дар хабари хадамоти матбуот дар бораи аз кадом ҳисоб сохта шудани суманаки наврӯзӣ хабар дода намешавад. Насби рамзи наврӯзӣ дар […]

Дар майдони марказии шаҳри Истаравшан нусхаи рамзи наврӯзии Душанбе – суманакро гузоштанд.

Баландии суманак дар Истаравшан 11 метрро ташкил медиҳад, ки 19 метр пасттар аз суманаки пойтахт мебошад, хабар медиҳад дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан.

Дар хабари хадамоти матбуот дар бораи аз кадом ҳисоб сохта шудани суманаки наврӯзӣ хабар дода намешавад.

Насби рамзи наврӯзӣ дар Душанбе на аз ҳисоби ҳукумат, балки аз ҳисоби соҳибкорон ба таври ихтиёрӣ сурат гирифт. Паҳноии ин рамзи наврӯзӣ 16 метр ва баландиаш – 30 метр аст.

Дар ҳамин ҳол, ҳукумати шаҳри Исфара ният дорад, ки Хонаи маданияти ҷамоати Ворухро ба Қасри фарҳанг табдил диҳад.

Тавре хадамоти матбуоти раиси шаҳри Исфара хабар медиҳад, барои таъмиру навсозии иншооти мазкур аз буҷети вилояти Суғд ҳудуди 12 млн сомонӣ ҷудо шудааст.

Пас аз таъмиру навсозӣ Қасри фарҳанг бузургтарин дар Исфара хоҳад буд. Дар он ба ҷуз толори тамошобинон бо 650 ҷойи нишаст, идораи САҲШ-и маҳаллӣ, китобхона, кошонаи ҳусн ва маҳфилҳои гуногун ҷойгир мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...