Ҳайати Роспотребнадзори Русия ба Тоҷикистон омад

Ҳайати намояндагони “Роспотребнадзор”-и Русия рӯзи 16-уми март ба Тоҷикистон омаданд. Ҳайати мазкур аз се коршинос иборат мебошад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Вазорати тандурустӣ иттилоъ доданд. Ба иттилои манбаъ, коршиносони ин ниҳод  вазъи эпидемиологии кишварро санҷида,  дар бораи пешгирии воридоти коронавирус ба Федератсияи Русия ҳисобот омода мекунанд. Аз ин ниҳод маълумоти бештаре дар маврди […]

Ҳайати намояндагони “Роспотребнадзор”-и Русия рӯзи 16-уми март ба Тоҷикистон омаданд. Ҳайати мазкур аз се коршинос иборат мебошад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Вазорати тандурустӣ иттилоъ доданд.

Ба иттилои манбаъ, коршиносони ин ниҳод  вазъи эпидемиологии кишварро санҷида,  дар бораи пешгирии воридоти коронавирус ба Федератсияи Русия ҳисобот омода мекунанд.

Аз ин ниҳод маълумоти бештаре дар маврди аз куҷоҳо дидан намудани мутахассисон хабар надоданд ва гуфтанд, «маълумоти муфассал баъдан нашр хоҳад шуд».

Мебояд  гуфт, рӯзи 10-уми феврал Русия изҳор дошт, ки барои дубора барқарор кардани парвозҳои мустақим миёни ду кишвар, аввал вазъи Тоҷикистонро месанҷаду баъд тасмимашро эълон хоҳад кард. Ин тасмимро ҳукумати Русия пас аз дархости Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон барои барқарор кардани парвозҳо гирифтааст.

Гуфта мешавад, ки дар мавриди сафари ҳайати “Роспотребнадзор” барои санҷидани вазъи Тоҷикистон, зимни ҷаласаи комиссияи байниҳукуматӣ таҳти роҳбарии Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон ва Алексей Оверчук, ноиби раиси ҳукумати Русия созиш ҳосил шудааст.

Ҳукумати Русия таъкид кардааст, ки ин ҳайат эҳтимолияти вуруд ва паҳни коронавирусро дар Тоҷикистон баҳогузорӣ хоҳад намуд.

Сафорати Русия дар Тоҷикистон низ иттилоъ медиҳад, ҳайати Роспотребнадзор тибқи созишномаҳое, ки дар ҷаласаи 17-уми Комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодии Русия ва Тоҷикистон ҳосил шуда буданд, ба Душанбе омад.

Гуфта мешавад, ки ҳадафи ин сафар тақвияти ҳамкориҳои Роспотребнадзор ва Вазорати тандурустии Тоҷикистон бо мақсади таҳкими некӯаҳволии санитарию эпидемии аҳолии ду кишвар мебошад.

Зикр мегардад, ки фаъолияти коршиносони Русия дар Тоҷикистон ба таҳияи пешниҳодҳои мушаххас оид ба ҳамкорӣ дар масъалаҳои дар боло зикршуда дар ҳамкории зич бо ҳамкасбони тоҷики худ равона карда мешавад.

Қаблан вазири тандурустии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода дар ин маврид изҳор дошта буд, ки мутахассисони Роспотребнадзор ба Тоҷикистон ҷиҳати арзёбии вазъи эпидемиологӣ дар ҷумҳурӣн омада, оид ба боз кардани сарҳад тасммим мегиранд. Ӯ зикр карда буд, ки чанде пеш бо ҷониби Русия дар ин бора гуфтушунид шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.