Русия аввал Тоҷикистонро месанҷаду баъд парвозҳоро иҷоза медиҳад

Русия аввал вазъи Тоҷикистонро месанҷаду баъд тасмимашро дар мавриди дубора барқарор кардани парвозҳои мустақим миёни ду кишвар эълон хоҳад кард. Ин тасмимро ҳукумати Русия пас аз дархости Қоҳир Расулзода сарвазири Тоҷикистон барои барқарор кардани парвозҳо гирифтааст, иттилоъ медиҳад котиботи ҳукумати Русия.  Гуфта мешавад, ки дар мавриди сафари ҳайати “Роспотребнадзор” барои санҷидани вазъи Тоҷикистон, зимни ҷаласаи комиссияи […]

Русия аввал вазъи Тоҷикистонро месанҷаду баъд тасмимашро дар мавриди дубора барқарор кардани парвозҳои мустақим миёни ду кишвар эълон хоҳад кард. Ин тасмимро ҳукумати Русия пас аз дархости Қоҳир Расулзода сарвазири Тоҷикистон барои барқарор кардани парвозҳо гирифтааст, иттилоъ медиҳад котиботи ҳукумати Русия

Гуфта мешавад, ки дар мавриди сафари ҳайати “Роспотребнадзор” барои санҷидани вазъи Тоҷикистон, зимни ҷаласаи комиссияи байниҳукуматӣ таҳти роҳбарии Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон ва Алексей Оверчук, ноиби раиси ҳукумати Русия созиш ҳосил шудааст.

Ҳукумати Русия таъкид кардааст, ки ин ҳайат эҳтимолияти вуруд ва паҳни коронавирусро баҳогузорӣ хоҳад намуд.

“Ҷонибҳо созиш карданд, ки мутахассисони Хадамоти федералии ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва накӯаҳволии инсон аз Тоҷикистон боздид карда, вазъи эпидемиологиро баҳогузорӣ кунанд. Ин ҳайат дар пайи омӯзиш ба Ситоди пешгирии вуруду паҳншавии коронавирус дар Русия гузориш хоҳад дод”, – таъкид кардааст ҳукумати Русия.

Ин пешниҳоди Маскав дар ҳоле аст, ки ахиран Душанбеи расмӣ бо таъкиди ба хуб шудани вазъи эпидемиологӣ аз Маскав дархост кард, ки парвозҳои мунтазам миёни ду кишвар барқарор шаванд, ки моҳи марти соли гузашта дар замони пандемия мутаваққиф шуда буданд.

Ҳоло миёни Тоҷикистону Русия танҳо парвозҳои чартерӣ сурат мегиранд, ки ба берун бурдани шаҳрвандони ду тараф аз кишварҳои якдигар машғуланд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.