Агентии зиддифасод ҷиҳати санҷиши 3 мактаби олӣ аз аҳолӣ кумак мепурсад

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз аҳолӣ даъват кардааст, ки фикру мулоҳизаҳои худро бобати 2 ниҳоди давлатӣ ва 3 мактаби олии ҷумҳурӣ баён намоянд. Бино ба иттилои сомонаи расмии Агентӣ, давоми моҳҳои январ-июни соли ҷорӣ Агентӣ дар Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, Агентии хоҷагии ҷангал, Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ, Донишгоҳи исломии Тоҷикистон ва Донишгоҳи […]

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз аҳолӣ даъват кардааст, ки фикру мулоҳизаҳои худро бобати 2 ниҳоди давлатӣ ва 3 мактаби олии ҷумҳурӣ баён намоянд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Агентӣ, давоми моҳҳои январ-июни соли ҷорӣ Агентӣ дар Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, Агентии хоҷагии ҷангал, Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ, Донишгоҳи исломии Тоҷикистон ва Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ)-ро ба нақша гирифтааст.

Гуфта мешавад, аҳли ҷомеа ба изҳори фикуру мулоҳиза дар бораи масоили шаффофияти ниҳоду макотиби олии дар боло зикршуда, фаъолияти онҳо дар мавриди муроҷиати шаҳрвандон, ҷараёни кори сомонаи расмии онҳо даъват карда мешаванд.

Санҷиши фаъолияти онҳо дар доираи татбиқи нақшаи кории Агентии зиддифасоди ҷумҳурӣ гузаронида мешавад.

Шаҳрвандон фикру мулоҳизаҳои ва пешниҳодҳои худро оид ба фаъолияти сохторҳои давлатӣ ва макотиби олӣ тариқи почтаи [email protected] фиристода метавонанд.

Солҳои пешин Агентии зиддифасод санҷиши “хавфҳои коррупсионӣ”-ро дар Вазоратҳои молия, тандурустӣ, кишоварзӣ, рушди иқтисод ва савдо, шуғли аҳолӣ, маорифу илм, ВКД, Кумитаи амволи давлатӣ, Кумитаҳои кор бо занон ва оила, ҷавонон ва варзиш, телевизиону радио, меъморӣ ва сохтмон, дин ва танзими ҷашну маросиҳо гузаронида буд.

Лекин натиҷаҳои ин санҷишҳо то ҳол ба маърази ом гузошта нашудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.