Донишгоҳи Хуҷанд ба “Диссернет” барои асардузд хондани як устодаш посух додааст

Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба пойгоҳи таҳқиқотии “Диссернет”, ки устоди ин донишгоҳ Гулнора Мамадалиеваро дар “асардуздӣ” айбдор карда буд, посух додааст. Хайрулло Сабурӣ, муовири ректори ДДХ  ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар бахши илм ва инноватсия зимни нишасти хабарӣ гуфт, Мамадалиева дар рисолаи худ “дар ҷое ба муаллифи аслӣ ишора кардаасту дар ҷое не”.  Хайрулло Сабурӣ гуфт, қаблан […]

Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба пойгоҳи таҳқиқотии “Диссернет”, ки устоди ин донишгоҳ Гулнора Мамадалиеваро дар “асардуздӣ” айбдор карда буд, посух додааст. Хайрулло Сабурӣ, муовири ректори ДДХ  ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар бахши илм ва инноватсия зимни нишасти хабарӣ гуфт, Мамадалиева дар рисолаи худ “дар ҷое ба муаллифи аслӣ ишора кардаасту дар ҷое не”. 

Хайрулло Сабурӣ гуфт, қаблан онҳо то эълони пойгоҳи “Диссернет” низ аз муассисае, ки мақараш дар Русия аст ва Гулнора Мамадалиева онҷо рисола дифоъ карда буд, мактуб гирифта буданд. Ин муассиса аз Мамадалиева хостааст дар мавриди баъзе паҳлӯҳои норавшани рисолаи номзадияш шахсан худаш ҷавоб диҳад.

“Камбудии асосии муаллима дар он аст, ки дар як ҷойи истифода бурдаашон ишора кардаанд, ки ман аз кори фалон олими рус истифода бурдам ва дар дигар ҷое, ки истифода бурдаанд ҳамон диссертатсия аст, аммо ишора накардаанд. Мо инро гирифта асосснок карда пешниҳод ҳам кардем”.

Пойгоҳи таҳқиқотии “Диссернет” рӯзи 18-уми декабри соли 2020 дар торнамои худ дотсенти кафедраи равоншиносии умумии ин донишгоҳ Мамадалиева Гулнора Абдусатторовнаро ба асардуздӣ муттаҳам карда буд. Ин пойгоҳ навишта буд, Мамадалиева зимни навиштани рисолаи номзадияш дар мавзуъи “Пешгирӣ ва ислоҳи равоншинохтиву омӯзишии изтироб дар наврасони муосир” (Психолого-педагогическая профилактика и коррекция тревожности современного подростка) бахши зиёди кори худро аз рисолаи илмии Сидоркина Стелла Лвовна “Формирование социальной ответственности у подростков посредством социально значимой деятельности”, ки соли 2010 дифоъ шудааст, бардошта, даст ба асардуздӣ задааст.

“Дар таърихи 24-уми ноябри соли 2020 шӯрои дифоъи рисолаҳои Д 212.199.18 дар назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Русия ба номи А.И. Гертсен тавсия додааст, ки дараҷаи илмии номзади илми Мамадалиева бекор карда шавад”,- навишта буд  “Диссернет”.

Аммо масъулини Раёсати ДДХ мегӯянд, онҳо устоди донишгоҳро аз ҳаққи “номзади илм” маҳрум накардаанд.

Хайрулло Сабурӣ гуфт, Шӯрои диссертатсионӣ, ки Гулнора Мамадалиева ҳимоя карда буд, бевосита дар ҳайати Комиссияи олии атестатсионии Федератсияи Русия мебошад. Ва пеш аз дифои рисолаи номзадӣ чандин экспертизаҳоро аллакай гузаштааст. Нафароне, ки қаблан кори ин муаллимаро санҷидаву ба ҳимоя тавсия кардаанд, худи олимони шинохтаи Русия буданд, мегӯяд муовири ректори ДДХ оид ба илм.

“Он чизе, ки дар “Диссернет” баромад, мо онро қабул надорем. Барои он ки аз қабл огаҳӣ дорем, имрӯз байни худи ҳамон “Диссернет” ва Комиссияи олии аттестатсионии Русия ҳамдигарфаҳмиҳо нест. Онҳо натиҷаи кории ҳамдигарро аллакай қабул ҳам накарда истодаанд. Мо огаҳӣ пайдо кардем, ки “Диссернет” муассисаи тиҷоратӣ ҳам ҳаст, ки асосан атрофи масъалаҳое, ки бо худи Комиссияи олии атестатсиони Русия номувофиқатӣ доранд, кор бурда истодааст”.

Вай афзуд, устодони ДДХ тариқи хаттӣ  ба муассисае, ки дар он дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии «Равоншиносии умумӣ» Гулнора Мамадалиева кори илмӣ ҳимоя кардааст ва ҳам ба “Диссернет” вокуниш ирсол кардааст. Раёсати ин донишгоҳ он маълумоте, ки  “Диссернет” эълон мекунад, чунин меҳисобад, ки “асоси қонунӣ  надорад”. Ва барои ҳамин ҷониби донишгоҳ  ба эълони “асардуздӣ” начандон эътибори ҷиддӣ  додааст.

“Барои он ки то ба ҳимоя нафароне, ки кори номзадии худро ҳимоя кардаанд, чандин зинаҳои ташхисро мегузаранд”,-гуфт Хайрулло Сабурӣ

Пойгоҳи “Диссернет” мақараш дар Русия тӯли чанд соли ахир ҳудуди 50 олими тоҷикро дар навиштани корҳои илмӣ, ки  ба гуфтаи пойгоҳ ба “асардуздӣ” даст задаанд, ошкор кардааст. Аммо мақомоти марбутаи  Тоҷикистон ҳамеша таҳқиқотҳои “Диссернет”-ро ғаразнок ва бепоя меҳисобанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.