Эмомалӣ Раҳмон Ҷашни миллии Эронро табрик гуфт: “алоқаманди тавсеаи равобити дӯстонаем”

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон Ҷашни миллии Эронро, ки мусодиф ба солгарди Инқилоби исломӣ дар ин кишвар аст, бо ирсоли як нома ба унвони раисҷумҳури Эрон Ҳасан Руҳонӣ, табрик гуфтааст. Дар ин бора аз Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон ба "Азия-Плюс" хабар доданд.  Раисҷумҳури Тоҷикистон бо таъкид рӯйи муштаракоти таърихиву маънавии равобити Тоҷикистону Эрон, гуфтааст, сарафроз аст, ки […]

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон Ҷашни миллии Эронро, ки мусодиф ба солгарди Инқилоби исломӣ дар ин кишвар аст, бо ирсоли як нома ба унвони раисҷумҳури Эрон Ҳасан Руҳонӣ, табрик гуфтааст. Дар ин бора аз Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон ба "Азия-Плюс" хабар доданд. 

Раисҷумҳури Тоҷикистон бо таъкид рӯйи муштаракоти таърихиву маънавии равобити Тоҷикистону Эрон, гуфтааст, сарафроз аст, ки мардуми Ҷумҳурии Исломии Эронро ба ифтихори солгарди Ҷашни миллии кишварашон табрик ва шодбош мегӯяд. 

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар ин номаи табрикии худ гуфтааст, ки ҷониби Тоҷикистон алоқаманди тавсеа ва таҳкими равобити  дӯстона ва ҳамкориҳои судманд ва самарабахш бо Эрон дар тамоми бахшҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мебошад. 

"Бовар дорам, ки равобити нек байни кишварҳои мо, ки реша дар иштирокоти таърихӣ, маънавӣ ва фарҳангӣ дорад, дар заминаи созандагӣ, ҳусни тафоҳум, ҳусни ният, эътимод ва бо талошҳои пайгиронаи муштарак, дар оянда низ густариш хоҳад ёфт. Фурсатро ғанимат шумурда, барои ҷаноби олӣ саломатӣ ва комёбӣ ва барои мардуми дӯсти Эрон сулҳ, оромиш, саъодат ва шукуфоӣ орзумандам",-гуфта мешавад дар номаи табрикии Эмомалӣ Раҳмон.

Ҳамчунин вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин низ дар як номаи табрикӣ ба унвони ҳамтои эронии худ Муҳаммадҷаводи Зариф  низ Ҷашни миллии Эронро табрик гуфтааст. 

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо таъкид ба муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои судманд, гуфтааст, "итминон дорам, ки бо ҳамдилӣ, бародарӣ, сулҳ ва субот дар минтақа ва дар партави ҳамкорӣ ва талошҳои муштарак, шоҳиди густариши равобити ду кишвари дӯсту бародар дар ҳама заминаҳо бошем".

Имсол аз Инқилобии исломии Эрон 42 сол мегузарад, ки 10-уми феврали соли 1979 бар пайи он дар ин кишвар режими шоҳӣ сарнагун ва низоми ҷумҳурии исломӣ роҳандозӣ шуд. Ин рӯзро дар Эрон ба унвони Ҷашни миллии Эрон таҷлил мекунанд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.