Ҳалокати 3 кас дар роҳҳои Тоҷикистон тайи 1 шабонарӯз

Ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел Астра”, сокини 27-солаи шаҳри Панҷакент Ҷобир Самандаров рӯзи 9 феврал дар роҳи Панҷакент-Айнӣ дағалона қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя накарда, дучархаи скутери сокини 64-солаи маҳаллӣ Муҳаббатқул Ҷумъаевро пахш мекунад. Тавре ки маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, дар натиҷа аз ҷраоҳатҳои бардошта соҳиби скутер дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Ҳамин […]

Ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел Астра”, сокини 27-солаи шаҳри Панҷакент Ҷобир Самандаров рӯзи 9 феврал дар роҳи Панҷакент-Айнӣ дағалона қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя накарда, дучархаи скутери сокини 64-солаи маҳаллӣ Муҳаббатқул Ҷумъаевро пахш мекунад.

Тавре ки маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, дар натиҷа аз ҷраоҳатҳои бардошта соҳиби скутер дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Ҳамин рӯз ронандаи автомашинаи “Опел Астра” зани 37-солаи сокини ноҳияи Спитамен Гулмира Эрганшева дар шоҳроҳи Хуҷанд-Душанбе ба автомашинаи боркаши “ЗИЛ бармехӯрад, ки дар канори роҳ таваққуф карда буд.

Бар асари ин садамаи нақлиёт Эргашева ҳалок ва 2 нафар мусофирони он дар бемористон бистарӣ шудаанд.

Дар ҳодисаи дигар автомашинаи “Опел Астра” зери идораи сокини 19-солаи ноҳияи Кӯшониён Толибшоҳ Хоҷаев дар роҳи маҳаллӣ велосипедрон Ҳасан Бобоеви 52-соларо пахш мекунад, ки дар натиҷа ҷабрдида дар роҳ ба бемористон ба ҳалокат расидааст.

Дар хабари ВКД зикр мегардад, ки аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Мувофиқи таҳқиқоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, сатҳи маргу мир дар Тоҷикистон дар ҳодисаҳои садамаи нақлиёт ҳамасола 19 нафар ба ҳар як 100 ҳазор нафар аҳолиро ташкил медиҳад, ки нишондиҳандаи баландтарин дар минтақаи Осиёи Марказӣ аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.