Кумитаи дин: Ҳанӯз маълум нест, ки зойирини тоҷик ба Ҳаҷҷ-2021 мераванд ё не

Кумитаи дини Тоҷикистон мегӯяд, ки то кунун дақиқ нашудааст, ки зойирони тоҷик имсол  имкони рафтан ба маросими Ҳаҷҷи 2021-ро пайдо мекунанд ё не. Давлатзода Сулаймон дар нишасти хабарӣ  гуфт, ки Тоҷикистон интизори посухи ҷониби Арабистони Саудӣ аст ва масъалаи доир шудани маросими Ҳаҷҷ-2021 ба вазъияти эпидемиологӣ дар ин кишварҳо марбут аст.  Раиси Кумитаи дин ҳамчунин гуфт, […]

Кумитаи дини Тоҷикистон мегӯяд, ки то кунун дақиқ нашудааст, ки зойирони тоҷик имсол  имкони рафтан ба маросими Ҳаҷҷи 2021-ро пайдо мекунанд ё не. Давлатзода Сулаймон дар нишасти хабарӣ  гуфт, ки Тоҷикистон интизори посухи ҷониби Арабистони Саудӣ аст ва масъалаи доир шудани маросими Ҳаҷҷ-2021 ба вазъияти эпидемиологӣ дар ин кишварҳо марбут аст. 

Раиси Кумитаи дин ҳамчунин гуфт, ки «ҷониби Арабистони Саудӣ қатъиян маросими Ҳаҷҷро лағв накардааст  ва ҳамзамон иҷозати вуруди мусалмононро низ эълон накардааст».

Давлатзода гуфт, ки Тоҷикистон ҳоло дар рӯйхати кишварҳое шомил аст, ки шаҳрвандонашон ҳаққи адои маросими Ҳаҷҷро доранд ва танҳо бо беҳтар шудани вазъи эпидемиологӣ, зойирони тоҷик метвонанд ба Маккаву Мадина бираванд. «Ҳоло ба далели беморӣ барои ду ҳафта Арабистони Саудӣ равобити ҳавоиро бо чандин кишварҳо бастааст».

Бояд зикр кард, ки Арабистони Саудӣ то 31 марти соли 2021 сарҳадҳояшро бастааст, ки дар ин бора Вазорати умури дохилии ин кишвар хабар дода буд.

Ин қарор рӯзи 8 январ дар робита ба зарурати пешгирии паҳншавии сирояти коронавируси нави бритониёӣ қабул шуд. Ин вирус бештар сирояткунанда арзёбӣ мешавад.

“Мутобиқи нақшаи ҳукумати Арабистони Саудӣ, агар вазъи эпидемиологӣ дар кишвар бад нашавад, алоқаи ҳавоӣ, баҳрӣ ва заминӣ охири моҳи март барқарор карда мешавад”, – хабар медиҳад Al Arabiya.

Қаблан зикр гардида буд, ки аз нимаи моҳи январ сарҳадҳо барои зойирин аз ҳамаи кишварҳо бо тадбирҳои маҳдудкунанда боз мешаванд. Ҳукуматдорон ба нақша гирифта буданд, ки вурудро танҳо ба шаҳрвандони синни аз 18 то 50-сола иҷоза диҳанд, то ки барои пиронсолон хатар эҷод нашавад.

Сипас ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон, ки масъули анҷом додани тадорукоти Умра ё Ҳаҷҷи умра ҳастанд, хабар доданд, ки сафари гуруҳи аввали ибодаткунандагон охири моҳи январи соли 2021 сурат мегирад.

Қобили зикр аст, ки ҳамасола дар мавсими ҳаҷ қариб 2,5 млн нафар мусалмонон аз саросари дунё барои адои яке аз рукнҳои панҷгонаи ислом ба Арабистони Саудӣ роҳ пеш мегиранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.