Суди олии иқтисодӣ ба баррасии қонуншиканиҳои маъмурӣ машғул мешавад

Раиси Суди олии иқтисодии Тоҷикистон Мавлуда Қаландарзода дар нишасти хабарии рӯзи 10 феврал ба рӯзноманигорон хабар дод, ки соли 2020 ба ин ниҳод 3563 арзу шикоят ворид шудааст. Суди олии иқтисодии ҷумҳурӣ ба маблағи ҳудуди 410 млн сомонӣ талаботҳоро қонеъ намудааст. Соли гузашта Суди олии иқтисодӣ 134 қарори ҳукуматҳои маҳаллиро дар бораи ҷудо кардани қитъаи […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Раиси Суди олии иқтисодии Тоҷикистон Мавлуда Қаландарзода дар нишасти хабарии рӯзи 10 феврал ба рӯзноманигорон хабар дод, ки соли 2020 ба ин ниҳод 3563 арзу шикоят ворид шудааст.

Суди олии иқтисодии ҷумҳурӣ ба маблағи ҳудуди 410 млн сомонӣ талаботҳоро қонеъ намудааст.

Соли гузашта Суди олии иқтисодӣ 134 қарори ҳукуматҳои маҳаллиро дар бораи ҷудо кардани қитъаи замин ба шахсони ҳуқуқӣ – ширкату хоҷагиҳои фермерӣ ва ғайра бекор кардааст.

“Даъвоҳо нисбати ҷудо кардани қитъаҳои замин ба шахсони воқеӣ барои сохтмони манзил аз ҷониби судҳои умумӣ баррасӣ мешаванд”, – гуфт раиси Суди олии иқтисодӣ.

Ӯ ҳамчунин қайд кард, ки аз ҳамин сол баррасии парвандаҳо оид ба ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ нисбат ба соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ ба ихтиёри судҳои иқтисодӣ дода мешаванд.

Лоиҳаи ворид намудани тағйироти дахлдор ба қонунгузорӣ, ки аз ҷониби суди иқтисодӣ таҳия гардидааст, ба баррасии парлумон пешниҳод шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.