“Ман шуморо ба ин ҷо даъват накардаам”. Дағалии мансабдори парлумон нисбати рӯзноманигорон

Имрӯз дар парлумони кишвар ҷаласаи навбатӣ баргузор шуд. Дар ҳамин ҳол, дар мониторе, ки тариқи он рӯзноманигорон ҷараёни ҷаласаро тамошову гӯш мекунанд, садо вуҷуд надошт. Бо ин сабаб рӯзноманигороне, ки фаъолияти парлумонро инъикос мекунанд, намешуниданд, ки вакилон дар чӣ бора ҳарф мезананду кадом қонунҳо қабул шуданд ва ғайраву ҳоказо. Маъмулан рӯзноманигорони матннависро ба толори ҷаласа […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Имрӯз дар парлумони кишвар ҷаласаи навбатӣ баргузор шуд. Дар ҳамин ҳол, дар мониторе, ки тариқи он рӯзноманигорон ҷараёни ҷаласаро тамошову гӯш мекунанд, садо вуҷуд надошт.

Бо ин сабаб рӯзноманигороне, ки фаъолияти парлумонро инъикос мекунанд, намешуниданд, ки вакилон дар чӣ бора ҳарф мезананду кадом қонунҳо қабул шуданд ва ғайраву ҳоказо.

Маъмулан рӯзноманигорони матннависро ба толори ҷаласа роҳ намедиҳанд, онҳо ҷараёни кори вакилонро аз долон, ки дар он монитор гузошта шудааст, мушоҳида мекунанд. Ҳамчунин чанде аз мансабдорони парлумон – кормандони кумита ва раёсатҳо низ ҳамроҳи рӯзноманигорон назди монитор мешинанд.

Ба журналистон ин ҳолатро чунин шарҳ доданд, ки корманди техникии толори ҷаласаҳо баланд кардани меъёри овозро фаромӯш кардааст. Дар ҳамин ҳол, ҳеҷ кадоме аз мансабдорони парлумон, ки дар паҳлӯи рӯзноманигорон буданд, корманди техникиро дар бораи ин ҳолат огоҳ накарданд.

Ба дархости журналистон бобати бартараф кардани ин ноқисӣ, яке аз мансабдорони парлумон дағалона чунин посух дод: “ Шахсан ман шуморо ин ҷо даъват накардаам”.

Қаблан зикр гардида буд, ки имрӯз вакилони мардумӣ тағйирот ба қонуни Тоҷикистон “Дар бораи судҳо, Кодекси муроифавии ҷиноятӣ ва Кодекси мурофиавӣ дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро баррасӣ мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?