Суманаки 30-метрии Душанберо ҳукумат не, соҳибкорон месозанд

Дар майдони "Дӯстӣ"-и Душанбе рамзи бузурги Наврӯз – суманаки наврӯзӣ бо баландии 30 метр қомат меафрозад. Паҳноии ин рамзи наврӯзӣ 16 метр хоҳад буд, иттилоъ дод як манбаъ аз шаҳрдории Душанбе ба "Азия-Плюс".  Дар ин майдон ҳамчунин дигар намунаҳои манзараҳои наврӯзӣ, аз қабили дарахтони мевадор, гулу гулзорҳои гуногун ва дигар вижагиҳои Наврӯз низ насб хоҳанд […]

Дар майдони "Дӯстӣ"-и Душанбе рамзи бузурги Наврӯз – суманаки наврӯзӣ бо баландии 30 метр қомат меафрозад. Паҳноии ин рамзи наврӯзӣ 16 метр хоҳад буд, иттилоъ дод як манбаъ аз шаҳрдории Душанбе ба "Азия-Плюс". 

Дар ин майдон ҳамчунин дигар намунаҳои манзараҳои наврӯзӣ, аз қабили дарахтони мевадор, гулу гулзорҳои гуногун ва дигар вижагиҳои Наврӯз низ насб хоҳанд шуд. 

Ин манбаъи шаҳрдорӣ мегӯяд, ки насби рамзи наврӯзӣ дар Душанбе аз ҳисоби ҳукумат не, балки аз ҳисоби соҳибкорон, ба таври ихтиёрӣ сурат мегирад.

«Ду соҳибкори пойтахт довталабона изҳор карданд, ки аз ҳисоби худ  барои насби рамзи Наврӯз дар маркази Душанбе сармоягузорӣ мекунанд. Онҳо хоҳиш карданд, ки аз онҳо ва маблағе, ки масраф мекунанд ном набарем», – мегӯяд манбаъ. 

Имсол Наврӯз, ҷашни миллии тоҷикон дар Тоҷикистон, бидуни намоиши театришудаи анъанавӣ бо қарори Ситоди ҷумҳурявии мубориза бо каронавирус дар тоҷикистон, мегузарад. Танҳо чорабиниҳои варзишиву фарҳангӣ дар маконҳои фароғативу варзишӣ бо риояти қоидаҳои беҳдоштии замони коронавирус, баргузор мешаванд. 

Соли гузашта ҳам дар Тоҷикистон ҳамин гуна суманаки 30-метраи рамзи Наврӯз насб карда буданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.