Ҳушдори КҲФ аз тармаву сангрезӣ то охири ҳафта

Asia-Plus

Кумитаи ҳолатҳои фақулодаи ҷумҳурӣ би истинод ба маълумоти обуҳавошиносон ҳушдор медиҳад, ки то 19 март дар ноҳияҳои кӯҳии ҷумҳурӣ ҳолатҳои фаромадани тармаву сангреза, инчунин дар водӣ ва доманакӯҳҳои вилоятҳои Суғду Хатлон ва Ноҳияҳои тобеи марказ ҳодисаҳои селфароӣ дар назар аст.

Ғайр аз ин, дар ноҳияҳои алоҳидаи вилояти Суғд вазиши шамол аз самти ғарб бо суръати то 20-25м/с, дар баъзе ҳолатҳо шиддатнок – то 25-30м/с пешгӯйӣ мешавад, хабар дод ба “Азия-Плюс” сухангӯи Кумита Умеда Юсуфӣ.

“Дар ин робита Кумита аз аҳолӣ боисрор дархост мекунад, аз сафар тариқи роҳҳое, ки хавфи тармафароӣ дар онҳо вуҷуд дорад, ҷамъоварии ҳезуму чаронидани чорво ва шикор худдорӣ варзанд, – иброз дошт ӯ. – Ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳистон ё дар қитъаҳои тармафаро ронандагонро лозим аст, ки масофаи муқарраршудаи ҳаракатро байни автомашинаҳо қатъиян риоя кунанд”.

Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, охири ҳафта дар ҷумҳурӣ боришот дар назар аст.

Аз ҷумла дар ҷашни Наврӯз – рӯзҳои 20-21 март дар Душанбе ҳавои абрнок ва боридани борон, баъзан пуршиддат бо раъду барқ ва жола пешбинӣ мешавад. Ҳарорат ин рӯзҳо 18-20 дараҷа гарм мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...