Ҳушдори КҲФ аз тармаву сангрезӣ то охири ҳафта

Кумитаи ҳолатҳои фақулодаи ҷумҳурӣ би истинод ба маълумоти обуҳавошиносон ҳушдор медиҳад, ки то 19 март дар ноҳияҳои кӯҳии ҷумҳурӣ ҳолатҳои фаромадани тармаву сангреза, инчунин дар водӣ ва доманакӯҳҳои вилоятҳои Суғду Хатлон ва Ноҳияҳои тобеи марказ ҳодисаҳои селфароӣ дар назар аст. Ғайр аз ин, дар ноҳияҳои алоҳидаи вилояти Суғд вазиши шамол аз самти ғарб бо суръати […]

Кумитаи ҳолатҳои фақулодаи ҷумҳурӣ би истинод ба маълумоти обуҳавошиносон ҳушдор медиҳад, ки то 19 март дар ноҳияҳои кӯҳии ҷумҳурӣ ҳолатҳои фаромадани тармаву сангреза, инчунин дар водӣ ва доманакӯҳҳои вилоятҳои Суғду Хатлон ва Ноҳияҳои тобеи марказ ҳодисаҳои селфароӣ дар назар аст.

Ғайр аз ин, дар ноҳияҳои алоҳидаи вилояти Суғд вазиши шамол аз самти ғарб бо суръати то 20-25м/с, дар баъзе ҳолатҳо шиддатнок – то 25-30м/с пешгӯйӣ мешавад, хабар дод ба “Азия-Плюс” сухангӯи Кумита Умеда Юсуфӣ.

“Дар ин робита Кумита аз аҳолӣ боисрор дархост мекунад, аз сафар тариқи роҳҳое, ки хавфи тармафароӣ дар онҳо вуҷуд дорад, ҷамъоварии ҳезуму чаронидани чорво ва шикор худдорӣ варзанд, – иброз дошт ӯ. – Ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳистон ё дар қитъаҳои тармафаро ронандагонро лозим аст, ки масофаи муқарраршудаи ҳаракатро байни автомашинаҳо қатъиян риоя кунанд”.

Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, охири ҳафта дар ҷумҳурӣ боришот дар назар аст.

Аз ҷумла дар ҷашни Наврӯз – рӯзҳои 20-21 март дар Душанбе ҳавои абрнок ва боридани борон, баъзан пуршиддат бо раъду барқ ва жола пешбинӣ мешавад. Ҳарорат ин рӯзҳо 18-20 дараҷа гарм мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.