Дар Хуҷанд “Боғшаҳри наврӯзӣ” бунёд шуд

Asia-Plus

Дар «Майдони ситора»-ҳои шаҳри Хуҷанд бо иқдоми шаҳрдорӣ ва дастгирии ҳукумати вилояти Суғд бахшида ба Иди Наврӯзи байналмилалӣ «Боғшаҳри наврӯзӣ» бунёд шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, дар ҳудуди боғшаҳр дарахти сунъии зардолу бо баландии 15 метр, рамзҳои наврӯзӣ ва дигар ороишоти марбут ба ҷашни Наврӯз гузошта шуданд.

Гуфта мешавад, «Боғшаҳри наврӯзӣ» аз 4 дарвоза ва деворҳои рамзии иҳотавӣ иборат буда, дар меҳвари майдон дарахти рамзии зардолу бо андозаи 15 метр, ду адад рамзҳои арчамонанди наврӯзии 11 метрӣ низ насб карда мешаванд.

“Ҳамчунин ду адад рамзи дуюми наврӯзӣ, ки намуди доирашакл доранд, дар мобайни он кураи замин, аз ду тарафи он Парчами миллӣ ва пайки баҳор — суманак, парасту, нақшу нигори гулдӯзӣ ҳамчун рамзи ҳунарҳои мардумӣ ва рангинкамон бо навиштаҷоти “Наврӯз — 2021” бо забони тоҷикӣ инъикос ёфтааст, гузошта шудааст”, – омадааст дар маълумоти шаҳрдорӣ.

Зикр мегардад, ки гузашта аз ин дар канори «Боғшаҳри наврӯзӣ» хаймаҳои наврӯзӣ низ ташкил карда мешаванд, ки дар он асосан туҳфаҳои наврӯзӣ ба фурӯш гузошта мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...