Дар Хуҷанд “Боғшаҳри наврӯзӣ” бунёд шуд

Дар «Майдони ситора»-ҳои шаҳри Хуҷанд бо иқдоми шаҳрдорӣ ва дастгирии ҳукумати вилояти Суғд бахшида ба Иди Наврӯзи байналмилалӣ «Боғшаҳри наврӯзӣ» бунёд шуд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, дар ҳудуди боғшаҳр дарахти сунъии зардолу бо баландии 15 метр, рамзҳои наврӯзӣ ва дигар ороишоти марбут ба ҷашни Наврӯз гузошта шуданд. Гуфта мешавад, «Боғшаҳри наврӯзӣ» […]

Дар «Майдони ситора»-ҳои шаҳри Хуҷанд бо иқдоми шаҳрдорӣ ва дастгирии ҳукумати вилояти Суғд бахшида ба Иди Наврӯзи байналмилалӣ «Боғшаҳри наврӯзӣ» бунёд шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, дар ҳудуди боғшаҳр дарахти сунъии зардолу бо баландии 15 метр, рамзҳои наврӯзӣ ва дигар ороишоти марбут ба ҷашни Наврӯз гузошта шуданд.

Гуфта мешавад, «Боғшаҳри наврӯзӣ» аз 4 дарвоза ва деворҳои рамзии иҳотавӣ иборат буда, дар меҳвари майдон дарахти рамзии зардолу бо андозаи 15 метр, ду адад рамзҳои арчамонанди наврӯзии 11 метрӣ низ насб карда мешаванд.

“Ҳамчунин ду адад рамзи дуюми наврӯзӣ, ки намуди доирашакл доранд, дар мобайни он кураи замин, аз ду тарафи он Парчами миллӣ ва пайки баҳор — суманак, парасту, нақшу нигори гулдӯзӣ ҳамчун рамзи ҳунарҳои мардумӣ ва рангинкамон бо навиштаҷоти “Наврӯз — 2021” бо забони тоҷикӣ инъикос ёфтааст, гузошта шудааст”, – омадааст дар маълумоти шаҳрдорӣ.

Зикр мегардад, ки гузашта аз ин дар канори «Боғшаҳри наврӯзӣ» хаймаҳои наврӯзӣ низ ташкил карда мешаванд, ки дар он асосан туҳфаҳои наврӯзӣ ба фурӯш гузошта мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.