Эмомалӣ Раҳмон дар Наврӯз ба Бохтар меравад, “аммо ин сафари наврӯзӣ нест”

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Эмомалӣ Раҳмон дар Наврӯз ба шаҳри Бохтари вилояти Хатлон сафар хоҳад кард, ки гуфта мешавад ба корҳои омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли Тоҷикистон шинос мешавад. Ин сафари Эмомалӣ Раҳмон дар ҳолест, ки пештар Вазорати фарҳанг гуфта буд, ки дар ҷашнҳои наврӯзии соли 2021 иштироки президенти кишвар дар назар нест. 

Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёрдамчии раисиҷумҳури Тоҷикистон дар умури иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа ба “Азия -Плюс” гуфт, ки дарвоқеъ, рӯзи 22 март дар назар аст, ки Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Хатлон меравад. Аммо ба гуфти Раҳмонзода "ин сафар дар доираи ҷашнгириҳои наврӯзӣ набуда, балки як сафарӣ корӣ барои ошноӣ ба корҳои омодагӣ ба ҷашни 30-солагии истиқлол аст".

Ҳамчунин сухангӯйи раиси вилояти Хатлон Носирҷон Маъмурзода низ ба “Азия-Плюс” гуфт, ин сафар берун аз ҷашнгириҳои Наврӯз аст.  

“Мо омодагиҳои худро барои омадани президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон гирифта истодаем. Вобаста ба ҷашни наврӯзӣ ва Истиқлолияти кишвар дар тамоми шаҳру ноҳияиҳои кишвар  барои дар сатҳи баланд таҷлил кардани ҷашни 30-солагии истиқлолияти кишвар омодагӣ гирифта истоданд. Аз ҷумла барои сафари президент ба вилояти Хатлон мо ҳаматарафа тайёрӣ дида истодаем", – гуфт  Маъмурзода.

Носирҷон Маъмурзода мегӯяд, тибқи дастури Ситоди ҷумҳуриявии муқобила бо коронавирус дар Тоҷикистон, дар мавриди ҷашни Наврӯзи соли 2021, дар кишвар танҳо иҷозат шудааст, ки дар шакли сайругаштҳои оммавӣ ва консертҳо дар боғҳо гузаронида шавад. Дар мактуби ин ниҳод таъкид  шудааст, ки бояд  талаботи Ситод риоя карда шавад, аз ҳамин хотир сафари прездентро мо наметавонем ба Наврӯз рабт диҳем, мегӯяд ӯ.

Чанде пештар ҳам, Мирзоолим Саидов, сардори Раёсати санъати Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба "Азия Плюс" гуфта буд, ки "мо ягон чорабинии калон дар бораи ҷашни Наврӯз надорем, барномаҳои гуногуни идона дар назар аст, аммо ҷашни асосӣ нест, тибқи супориши Ситоди ҷумҳурӣ.  Танҳо дар толорҳои консерт ва театрҳо ҷорабиниҳо дар назар гирифта шудааст, дар бораи ширкати Презденти кишвар Эмомалӣ Раҳмон  омодагӣ дар ҷашнҳои наврӯзӣ ба мо ягон дастур нашудааст". 

Наврӯз ҷашни миллии мардуми ориёнажод ва яке аз куҳантарин ҷашнҳои тамаддуни башарӣ аст. Тоҷикистон ба унвони яке аз меросбарони асосии тамаддуни Наврӯз ҳамасола аз ин ҷашн истиқболи сазовор мекунад. Созмони Милали Муттаҳид дар моҳи феврали соли 2010 Наврӯзро иди ҷаҳонӣ эълон кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...