Танҳо як ширкати Ҷопон хостори таъмиру навсозии роҳи Қизилқалъа-Бохтар шуд

Дар шаҳри Токио ҷиҳати кушодани лифофаҳои пешниҳоди техникии ширкатҳои довталаб вобаста ба интихоби ширкати ҷопонии пудратчӣ барои иҷрои корҳои сохтмонии қитъаи Қизилқалъа-Бохтар озмун баргузор шуд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати нақлиёти ҶТ, намояндагони Вазорати нақлиёт тариқи видеоконфронс ба ин маросим пайваст гардиданд. Гуфта мешавад, пеш аз оғози расмиёти гузаронидани озмун муовини якуми вазир Раҳим […]

Дар шаҳри Токио ҷиҳати кушодани лифофаҳои пешниҳоди техникии ширкатҳои довталаб вобаста ба интихоби ширкати ҷопонии пудратчӣ барои иҷрои корҳои сохтмонии қитъаи Қизилқалъа-Бохтар озмун баргузор шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати нақлиёти ҶТ, намояндагони Вазорати нақлиёт тариқи видеоконфронс ба ин маросим пайваст гардиданд.

Гуфта мешавад, пеш аз оғози расмиёти гузаронидани озмун муовини якуми вазир Раҳим Бобозода ба ҳукумати Ҷопон барои дастгирӣ дар рушди бахши нақлиёти Тоҷикистон миннатдории роҳбарияти Вазорати нақлиётро ба ҳукумати Япония баён намуд.

“Озмун тибқи расмиёти Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ "JICA" оғоз карда шуда, дар он танҳо як ширкати ҷопонии "Дай Ниппон" иштирок кард, – омадааст дар хабари Вазорат. – Пешниҳоди техникии он бояд то санаи 23 марти соли 2021 арзёбӣ карда шавад”.

Ёдрас мекунем, ки оид ба лоиҳаи мазкур моҳи сентябри соли 2019 байни ҳукумати Тоҷикистон ва Агентии рушди байнулмилалии Ҷопон (JICA) созишномаи грантӣ ба имзо расид.

Дар лоиҳа таъмиру навсозии қитъаи Қизилқалъа-Бохтари роҳи автомобилгарди Душанбе-Бохтар пешбинӣ шуда, ҳукумати Ҷопон тариқи  JICA барои татбиқи лоиҳаи мазкур 3 млрд. 232 млн. йени ҷопонӣ ва барои анҷоми корҳои муфассали лоиҳакашӣ 117 млн. йени ҷопонӣ (наздики 31 млн. доллар) ҷудо мекунад.

Ҳадаф аз амалисозии лоиҳа баланд бардоштани сатҳи бехатарии ҳамлу нақли бору мусофирон ва ҳаракати воситаҳои нақлиёт аст. Муҳлати амалисозии лоиҳа 22 моҳ аз замони имзои созишнома муқаррар шудааст. Масофаи қитъаи роҳ наздики 10 километрро ташкил медиҳад. Пас аз анҷоми корҳои таъмиру навсозӣ қитъаи духатаи роҳ чорхата мешавад.

Ҳудуди 40 километр роҳи автомобилгарди Душанбе-Бохтар (масофаи умумиаш тақрибан 98 километр) аз ҳисоби маблағҳои Бонки осиёии рушд таъмиру навсозӣ мешавад. Ҳаҷми маблағгузории БОР дар лоиҳа 90 млн. доллар аст.

Арзиши умумии амалисозии лоиҳаи мазкур дар маҷмӯъ 107,5 млн долларро ташкил медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.