Нархҳо дар Тоҷикистон нисбат ба соли 2020 зиёдтар боло мераванд

Дар зарфи 2 моҳи соли равон маҳсулоти хӯрокворӣ дар ҷумҳурӣ ба андозаи 3% қимат шуд, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти кишвар. Болоравии нархи маҳсулоти ғизоӣ давоми моҳҳои январ-феврали соли ҷорӣ 1%-ро ташкил дод, ки 0,35% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 аст. Имсол нархҳо ба картошка (29,4%), тухм (5,0%), мева (1,8%), шир ва […]

Дар зарфи 2 моҳи соли равон маҳсулоти хӯрокворӣ дар ҷумҳурӣ ба андозаи 3% қимат шуд, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти кишвар.

Болоравии нархи маҳсулоти ғизоӣ давоми моҳҳои январ-феврали соли ҷорӣ 1%-ро ташкил дод, ки 0,35% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 аст.

Имсол нархҳо ба картошка (29,4%), тухм (5,0%), мева (1,8%), шир ва маҳсулоти ширӣ (1,4%), шакар (қанд) (1,3%), гӯшт (1,1%), равған ва чарбҳо (0,7%) нисбатан бештар боло рафтанд.

Тӯли 2 моҳи соли ҷорӣ нархҳо ба маҳсулоти ғайриозуқа ба андозаи 1,2% афзуданд. Дар ҳамин давраи соли гузашта ин нишондиҳанда ба 0,3% баробар буд.

Байни маҳсулоти ғайриозуқа давоми моҳҳои январ-феврали соли равон бештар бензин (16,4%), сӯзишвории дизелӣ (6,5%), гази моеъ (3,1%), масолеҳи сохтмон (1,7%), сарулибос (0,8%), пойафзол (0,7%), матоъ (0,5%), маҳсулоти дорусозӣ (0,4%) қимат шуданд.

Тарифҳо ба хизматрасониҳои пулакӣ дар зарфи 2 моҳи соли ҷорӣ ба андозаи 0,2% боло рафтанд.

Мизони таваррум дар бахши истеъмолии кишвар тӯли 2 моҳи соли ҷорӣ 1,4%-ро ташкил дода, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 0,4% зиёд шуд.

Ёдрас мекунем, ки соли 2020 дар ҷумҳурӣ нишондиҳандаи рекордии сатҳи таваррум – 9,4% тайи даҳ соли охир ба қайд гирифта шуд.

Нишондиҳандаи ҳадафнок дар соли 2021 аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи 6,0% (+/-2 б.ф.) муқаррар шудааст. Соли 2020 низ таваррум дар ҳамин сатҳ пешбинӣ гардида буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.