Парлумон ҷалби сармояи ҷопониро ба таҷдиди роҳи Қизилқалъа-Бохтар маъқул донист

Палатаи поёии парлумон имрӯз, 18-уми декабр созишномаро аз рӯйи лоиҳаи “Таҷдиди қитъаи Қизилқалъа-Бохтари роҳи автомобилгарди Душанбе-Бохтар”, ки аз ҷониби Агентии ҳамкории байнулмилалии Ҷопон (JICA) маблағгузорӣ мешавад, тасдиқ кард. Муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон Рустам Вализода изҳор дошт, ки созишнома моҳи августи соли 2019 ба имзо расида, маблағҳои ҷудомешуда аз ҷониби Ҷопон барои амалисозии он грант мебошанд. […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Палатаи поёии парлумон имрӯз, 18-уми декабр созишномаро аз рӯйи лоиҳаи “Таҷдиди қитъаи Қизилқалъа-Бохтари роҳи автомобилгарди Душанбе-Бохтар”, ки аз ҷониби Агентии ҳамкории байнулмилалии Ҷопон (JICA) маблағгузорӣ мешавад, тасдиқ кард.

Муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон Рустам Вализода изҳор дошт, ки созишнома моҳи августи соли 2019 ба имзо расида, маблағҳои ҷудомешуда аз ҷониби Ҷопон барои амалисозии он грант мебошанд.

Ба гуфтаи ӯ, дар лоиҳа таъмиру навсозии қитъаи Қизилқалъа-Бохтари роҳи автомобилгарди Душанбе-Бохтар пешбинӣ шуда, ҳукумати Ҷопон тариқи  JICA барои татбиқи лоиҳаи мазкур 3 млрд. 232 млн. йени ҷопонӣ ва барои анҷоми корҳои муфассали лоиҳакашӣ 117 млн. йени ҷопонӣ (наздики 31 млн. доллар) ҷудо мекунад.

Ҳадаф аз амалисозии лоиҳа баланд бардоштани сатҳи бехатарии ҳамлу нақли бору мусофирон ва ҳаракати воситаҳои нақлиёт аст. Муҳлати амалисозии лоиҳа 22 моҳ аз замони имзои созишнома муқаррар шудааст. Масофаи қитъаи роҳ наздики 9,2 километрро ташкил медиҳад.

Пас аз анҷоми корҳои таъмиру навсозӣ қитъаи духатаи роҳ чорхата мешавад.

Айни замон ҳудуди 40 километр роҳи автомобилгарди Душанбе-Бохтар аз ҳисоби маблағҳои Бонки осиёии рушд (БОР) таъмиру навсозӣ мешавад. Ҳаҷми маблағгузории БОР дар лоиҳа 90 млн. доллар аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.