Нархи хушбахтӣ дар Тоҷикистон – доштани 22,8 ҳазор доллар дар як сол

Asia-Plus

Мегӯянд, хушбахтиро харида наметавонӣ, лекин пул пеши роҳи бадбахтиро гирифта метавонад. Равоншиносони Донишгоҳи Пердюи ИМА (Purdue University, ИМА) дарёфтаанд, ки як сатҳи муайяни хушбахтӣ вуҷуд дорад, ки онро бо пул харидан мумкин аст. Дар ҳамин ҳол, таҳқиқот нишон додааст, ки вақте дар баробари афзудани даромад сатҳи ҳадди ниҳоии хушбахтӣ ба даст меояд, афзоиши минбаъдаи даромад ба камшавии роҳату лаззат бардоштан аз зиндагӣ ва эҳсоси сатҳи нисбатан пасттари некӯаҳволӣ оварда мерасонад.

Дар Expensivity бо истифода аз баҳогузории Донишгоҳи Пердю ҳисоб кардаанд, ки барои хушбахтии сокинони зиёда аз 160 кишвари дунё дар як сол чӣ қадар пул лозим аст.

Онҳо бо истифода аз коэффисиентҳои қобилияти харидории аз Бонки ҷаҳонӣ гирифта “нархи хушбахтӣ”-ро ҳисоб кардаанд. Сипас ба ин рақам арзиши маҳаллии ҳаёт ва қурби мубодилаи асъорро аз TheGlobalEconomy илова кардаанд, то ки рақамҳо аз сатҳи минтақавӣ ба кишварӣ табдил ёбад.

Аз ҷумла онҳо ҳисоб кардаанд, ки агар Шумо дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико зиндагӣ мекунед, 105 ҳазор доллар дар як сол ба шумо барои бадбахт набудан кумак мекунанд. Олимон бар инанд, ки ҳамаи пули аз ин зиёд коркардаатон андаке ба эҳсоси қаноатмандии шумо таъсир мерасонад.

“Даромади боэътимод ташвиши рӯзгорро рафъ намуда, зиндагиро сабук месозад. Камбағалӣ фишор ва зиён меорад. Хаёли боигарӣ шахсони даромади кам доштаро аз эҳсоси эътибори шахсӣ маҳрум менамояд. Аз ин рӯ, пули зарурӣ барои хушбахт будани шумо, на миллион, балки даҳҳо ҳазор ҳисоб мешавад”, – зикр кардаанд дар Expensivity.

Албатта, вобаста ба макони иқомати шумо рақамҳо фарқ мекунанд. Expensivity нуҳ кишвари дорои нархи нисбатан баланди хушбахтиро муайян кардааст. Гаронтарин хушбахтӣ арзиши ҳаёт дар ҷазираҳои Бермуд – $143 933 муайян шудааст, ки 47% баландтар аз Ню-Йорк мебошад.

Дар Ню-Йорк нархи хушбахтӣ $139 183, Австралия – $135 321, Исроил – $130 457, Швейтсария – $128 969, Зеландияи Нав – $128 844 ва Лондон – $110 ҳазор арзёбӣ шудааст.

Хушбахтии арзонтарин дар кишвари хурди Амрикои Ҷанубӣ – Суринам муайян шудааст, ки ба $6799 дар як сол баробар аст.

Бино ба маълумоти Expensivity, барои хушбахтии тоҷикистонӣ дар як сол $22,8 ҳазор доллар лозим аст.

Байни кишварҳои минтақа Қирғизистон ба рӯйхати кишварҳои хушбахтии “арзонтарин” шомил гардид – барои хушбахт будан ба қирғизистонӣ дар як сол кор кардани $8 997 кофист. Ин нишондиҳанда дар Қазоқистон $14 607, Ӯзбекистон  – $21 960 ва Туркманистон – $50 393-ро ташкил додааст.

Муҳаққиқон бар ин назаранд, ки ҳарчанд пул ҳоло ҳама чиз набошад ҳам, лекин агар шумо муҳити муносиб дошта бошед, пас дар даст доштани миқдори кофии онҳо ба шумо барои хушбахт будан дар ҳаёти рӯмарраатон имкон медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...