Раёсати маорифи ВМКБ аз санҷишҳои додситонӣ ва мақомоти дигар норизоятӣ кардааст

Манзума Фирӯз, Рафоат Қудратбекова, Asia-Plus

Раёсати маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз санҷишҳои  пайдарпайи ба гуфтаи ин ниҳод “бамавриду бемаврид”-и омӯзгорони мактабҳои шаҳри Хоруғ аз сӯйи маъмурони додситонӣ ба РВКД-и вилоят, Додситонии вилоят ва раиси шаҳри Хоруғ мактуби норизятӣ ирсол карда, хостори ҷилавгирӣ “аз ин санҷишҳо ва дахолати бемаврид” шудааст. Дар ин бара аз Раёсати маорифи шаҳри Хоруғ ба «Азия-Плюс» хабар доданд.

Дар номаи норизоятии Раёсати маорифи ВМКБ, ки нусхае аз он ба “Азия-Плюс” дастрас шуд, бо такя ба қонунгузории кишвар гуфта мешавад, ки пешбурди сиёсати дохилии давлат дар соҳаи маориф ба дӯши мақоми ваколатдори соҳа аст ва ҳеч ниҳоди дигаре ҳаққи дахолат ба онро надорад.

Ин номаи раҳбарии идораи морифи вилоят дар ҳолест, ки бархе аз омӯзгорони шаҳри Хоруғ аз ҳузур ва санҷишу ҳатто ҷаримабандии додситонҳои вилоят дар дарсҳо нигаронӣ карда буданд. Ин нигарониҳои омӯзгорони вилоятро торнамои «PamirDaily» ҳафтаи пеш расонаӣ карда буд.

Дар ин сомона гуфта мешавад, ки «тӯли зиёда аз ним сол аст, ки кормандони додситонии вилоятӣ ба мактабҳои шаҳр меоянд, ва ин ҳузури худро барои санҷиши фаъолияти муаллимон маънидод мекунанд».

Омӯзгорон ҳамчунин шиква кардаанд, ки санҷишҳо аксар вақт бо ҷарима шудани муаллимон барои журнали синфии пурнакарда ё надоштани конспект ба анҷом мерасанд.

Ин санҷишҳо Раёсати маорифро нигарон карда ва ин ниҳодро маҷбур кардааст, ки барои пешгирии ин кор ба мақомоти дахлдор мактуб ирсол кунад.

Дар мактуби мазкур гуфта мешавад, ки “солҳои охир санҷишҳои бамавриду бемаврид ва дахолат ба фаъолияти  муассисаҳои маориф, аз ҷумла муассисаҳои таълимӣ аз ҷониби дигар сохторҳо ба низоми таълиму тарбия халали ҷиддӣ расонида, бе пешрафту беҳбудии соҳаи маориф монеа эҷод мекунанд. Назорати сохторҳо ва муассисаҳои маориф, тавре дар моддаи 28-и қонуни ҶТ «Дар бораи маориф» омадааст, ба воситаи мақомоти ваколатдори соҳаи маориф амалӣ карда мешавад. Ва дахолати ғайриқонунии мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор ба фаъолияти омӯзгор манъ аст. (моддаи 52 Хифзи шаъну шарафи омӯзгор)”.

Одинашо Мардов, сардори Раёсати маорифи ВМКБ, ки дар ин нома имзо кардааст, изҳори таассуф кардааст, ки “мутаасифона, алоҳида мақомоти давлатӣ бе пешниҳоди санади лозима ва бе иштироки кормандони соҳаи маориф ба фаъолияти муассисаҳои таълимӣ дахолат намуда, дар бисёр мавридиҳо бе ягон асоси муътамад ҳатто ҷаримабандӣ ҳам мекунанд».

Ба хотири “халалдор нагардидани низоми мураттаби таълиму тарбия, пешбурди кори назорату роҳбарӣ, беҳдошти сифати дониш” Раёсати маориф пешниҳод кардааст, ки аз чунин санҷишҳо ва аз дахолати бемаврид ҷилавгирӣ карда шавад.

Раёсати маорифи ВМКБ ҳузуру санҷиши додситонҳоро аз дарсҳои омӯзгорон дар ҳоле ғайриқонунӣ ва бемаврид мехонад, ки дирӯз, Парвиз Орифзода, додситони ВМКБ, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтааст, ки ҳузури онҳо дар дарсҳои муаллимон дуруст аст.

«Агар муаллим сари вақт ба дарс наяод, конспекташро тайёр накунад, мо чора набинем, кӣ чора меандешад? Давраи пандемия аст, омӯзгорон бо фарзандони мардум сарукор доранд, бояд ҳамаашон аз муоинаи тиббӣ гузашта бошанд?»,-гуфтааст Орифзода.  

Додситони вилоят ҳамчунин гуфтааст, ки додгоҳ нисбат ба 4 омӯзгор огоҳӣ дода, 6 муаллими дигарро барои нагузаштан аз ташхиси зарурӣ аз сӯи идораи беҳдошт ё СЭС 120 сомонӣ ҷарима бастааст.

Вале мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хоруғ Атобек Шукурбеков дар суҳбат ба «Азия-Плюс» изҳор кард, ки ҳеҷ мақомоте ҳуқуқи санҷиши муассисаҳои таълимиро бе иҷозати Раёсати маориф ва бидуни асос надорад. Номбурда мегӯяд, дар назди Раёсати маорифи вилоят Хадамоти назорат дар соҳаи маориф фаъол аст, ки намояндагони он бояд маткабҳоро тафтиш кунанд.

Ӯ гуфт, ки барои тафтиш дар мактабҳо намояндгони додситонӣ ба онҳо муроҷит накардаанд ва ҳамин сабаб шуд, ки онҳо мактуби мазкурро таҳия ва ирсол кунанд. «Кормандони додситонӣ, бе пешниҳоди санади лозим ва бе иштироки кормандони маориф ҳаққи иштрок ва тафтиш дар мактабҳоро надоранд»,-мегӯяд ӯ.

Рамазон Одиназода, раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм ҳам гуфтааст, ки “ягон корманди ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ салоҳияти санҷиши нақша ва барномаҳои таълимӣ, либосҳои намунавии мактабиро надорад. Ҳар як масъалае, ки ба раванди таълим ва тарбия дахл дорад, танҳо ба уҳдаи Вазорати маориф ва Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди президент аст”.

Дар Вазорати маориф ва илм ҳам ба "Озодӣ" гуфтаанд, ки “кормандони прокуратура метавонанд, рафти татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар муассисаҳои таълимӣ санҷанд. Он ҳам дар сурате, ки фармон ҷиҳати иҷрои нақша вуҷуд дошта бошад ва замони санҷиш муайян бошад, на инки ҳар вақте хоҳанд, макатбҳоро санҷанд. Аз ҷониби дигар, санҷишҳо бояд тавре сурат гирад, ки ба раванди таълиму тарбия халал ворид накунад".

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...