Кумаки МегаФон Тоҷикистон барои ба онлайн гузаштани Суғд

Иттилоияи расмӣ

Ширкати «МегаФон Тоҷикистон» силсилаи пахшҳои мустақимро дар шабакаи иҷтимоии  Facebook идома медиҳад.

Дар рафти онҳо сокинони кишвар метавонанд бо инноватсияҳои рақамӣ шинос шуда, аз кори мутахассисони соҳаҳои талаботпазир огоҳ шаванд ва дар хусуси самтҳои мухталифи ҳаёт маслиҳати муфид гиранд. Иштирокчиёни пахши навбатӣ  Директори раёсати минтақавии ширкат дар вилояти Суғд Далер Наимов ва резиденти «Территория Юмора» (Фазои Ҳаҷв) Далер Камилов буданд.        

Пахши мустақиме, ки шаҳри Хуҷанд ва пойтахти кишварро бо ҳам мепайваст, ба технологияҳои интернетии дастрас барои муштариёни суғдии MeгаФон бахшида шуда буд. Далер Наимов дар бораи таъриху фаъолияти ширкат, ки имсол 20-солагии худро ҷашн мегирад,  сухан кард. Дар тӯли ду даҳсола, соҳаи алоқа дар  Тоҷикистон хеле пеш рафта,   МегаФон ба яке аз "муҳаррикҳо" -и ин ҳаракат табдил ёфт. Маҳз он  аввалин шуда дар ҷумҳурӣ шабакаҳои наслҳои сеюм, чорум ва панҷумро ҷорӣ намуда, дар сафи аввал ба муштариён чунин инноватсияҳои рақамиро,  ба монанди корти электронии eSIM, пешниҳод намуд.  

Директори раёсати ширкати МегаФон ба саволҳои шунавандагон ва меҳмони махсус Далер Комилов посух дода, дар бораи хизматрасониҳои ба истилоҳ молиявию техникие, ки ба муштариён дар идоракунии маблағҳо тариқи интернет кӯмак мекунанд, тавзеҳи муфассал баён кард.  Дар байни чунин хизматрасониҳои қулай – замимаи «МегаФон Life» бо «Ҳамён»-и  электронӣ вуҷуд дорад.   Ба шарофати он, мизоҷони оператор метавонанд маблағи қарзҳо ва ҳаққи хизматрасониҳои  коммуналиро пардохт кунанд, бо ёрии QR-рамзҳо харидҳои фаврӣ анҷом диҳанд ва бештари амалҳои дигарро, аз хона набаромада,  иҷро намоянд.     

Иштирокчиёни барнома инчунин таваҷҷуҳ доштанд, ки оё корманди ширкати  «МегаФон Тоҷикистон» шудан осон аст? Далер Наимов таъкид кард, ки барои он соҳибкасб  будан кофӣ нест,  шумо бояд ҳамеша ба сӯи қуллаҳои нав кӯшиш намоед,  дар якҷоягӣ бо бозори телекоммуникатсия рушд ёбед ва албатта «узви як  даста» бошед.     

Пахши мустақим барои сокинони вилояти  Суғд хеле муфид буд. Чунин иртибот  ба мо кӯмак мерасонад,  ки  доимо омода бошем ва  бидонем, ки пеш аз ҳама муштариён  чӣ гуна шавқу ҳавас доранд ва аз ширкати мо чиро интизоранд. Аз рӯи саволҳои додашуда ба Далер НАИМОВ ва фикру мулоҳизаҳои истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ, инкишофи хизматрасониҳои интернетӣ, "гузаронидани  Суғд ба онлайн", ки мо онро яке аз вазифаҳои муҳимтарини худ медонем, бешубҳа барои муштариён зарур ва муфид аст. Мо бо роҳи дуруст  рафта истодаем», – дар фарҷоми пахши мустақим  қайд кард Далер НАИМОВ.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...