Қарзи маош дар Тоҷикистон дар як сол 75% – то 7,5 млн доллар зиёд шудааст

Қарзи умумӣ аз музди меҳнат дар Тоҷикистон аввали моҳи феврал бо назардошти бақияи солҳои гузашта ҳудуди 84,8 млн сомонӣ (7,5 млн доллар)-ро ташкил дод, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти Тоҷикистон. Тайи соли ахир (аз феврали соли 2020 то феврали соли 2021) ҳаҷми қарз аз музди меҳнат 75%: аз 48,5 млн сомон то ба 84,8 […]

Қарзи умумӣ аз музди меҳнат дар Тоҷикистон аввали моҳи феврал бо назардошти бақияи солҳои гузашта ҳудуди 84,8 млн сомонӣ (7,5 млн доллар)-ро ташкил дод, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти Тоҷикистон.

Тайи соли ахир (аз феврали соли 2020 то феврали соли 2021) ҳаҷми қарз аз музди меҳнат 75%: аз 48,5 млн сомон то ба 84,8 млн сомонӣ афзуд.

Моҳи январи соли ҷорӣ корфармоҳо аз кормандони худ зиёда аз 4,2 млн сомонӣ (беш аз 370 ҳазор доллар) аз маош қарздор шуданд.

Афзоиши қарз аз пардохти музди меҳнат қариб дар ҳамаи навъҳои фаъолият ба мушоҳида мерасад.

Қарзи аз ҳама зиёд дар соҳаи саноати коркард (24,8 млн сомонӣ) ва истихроҷи канданиҳои фоиданок (16,6 млн сомонӣ) ба қайд гирифта шуда, қарзи умумии ин ду соҳа наздики нисфи қарзи умумиро ташкил медиҳад.

Музди моҳонаи миёнаи меҳнат дар ҷумҳурӣ ба аввали моҳи феврал 1445 сомонӣ (128 доллар) ва ҳаҷми музди меҳнати ҳадди ақал (минималӣ) – 400 сомонӣ (36 доллар)-ро ташкил дод.

Маоши аз ҳама баландро дар кишвар кормандони соҳаи бонкдорӣ ва суғурта (3452 сомонӣ), иттилоот ва алоқа (2874 сомонӣ) гирифта, маоши пасттарин дар бахши кишоварзӣ – 630 сомонӣ сабт шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.