Дилшод Назаров Қаҳрамони олимпӣ боқӣ монд, аммо аз Олимпиадаи Токио маҳрум шуд

Asia-Plus

The Athletics Integrity Unit Дилшод Назаров, гурзандози маъруфи тоҷик ва ягонаи қаҳрамони Олимпиадаи соли 2016 аз Тоҷикистонро барои 2 сол аз ҳаққи иштирок дар  дар мусобиқаҳо маҳрум кард. Бар асоси ин тасмим, ягона қаҳрамони олимпии Тоҷикистон наметавонад дар Бозиҳои олимпии Токио ширкат кунад. 

Ин ниҳод дар тасмиме, ки рӯзи 15-уми март эълон кард, давраи маҳрум кардани ҳаққи иштироки Назаровро аз 24 сентябри соли 2019 ҳисоб кардааст, ки варзишгар метавонад аз моҳи октябри имсол ба кори варзишияш дар сатҳи ҷаҳон идома диҳад. 

Гуфта мешавад, ки варзишгар барои истифодаи допинг ҳангоми қаҳрамонии ҷаҳон дар соли 2011 муҷозот шудааст.  Ҳамаи дастовардҳои ӯ аз 29 августи  соли 2011 то 29 августи 2013 бекор карда мешаванд. 

Дилшод Назаров ба ҷуз қаҳрамони Олимпиадаи 2016, ҳамчунин медали нуқраи қаҳрамонии ҷаҳони соли 2015 ва 3 тилои  Бозиҳои осиёиро дорад. Ҳамчунин ӯ қаҳрамони 5-каратаи  Осиё аст. 

Худи Дилшод Назаров дар як вокунишаш ба ин тасмими The Athletics Integrity Unit гуфтааст, ки ӯ маводи мамнуъро истифода набурдааст ва гуфтааст, ки "ӯ дар Олимпиадаи Токио як рақиби ноқулайе буд".

"Дӯстони азиз! Тавре шумо медонед 1,5 соли ахир ман барои номи поки худ мубориза кардам, мутаассифона ҳамаи талошҳои физикӣ, маънавӣ ва молиявии ман барҳадар рафтанд, зеро ҳамаи далелҳои пешниҳодкардаи вакилони дифои аврупоие, ки ман  гирифта будам ва бегуноҳии маро собит мекарданд, пешакӣ аз сӯйи ҷониби даъво мавриди нобоварӣ қарор гирифта буданд",- навиштааст Дилшод дар саҳфаи худаш дар Facebook .

Ӯ ҳамчунин ишора кардааст, ки "як рақиби бисёр пурқуввате будааст, ки одилона дар майдонҳои варзиш ҳунарнамоӣ мекардааст".

Варзишгар гуфтааст, ки ӯро ба содагӣ хостаанд, ки аз ҳаққи иштирок дар Токио маҳрум кунанд.

« Ман тасмим гирифтам, ки ин бозиро хатм кунам ва баъди ду рӯз ба ман мактуб расид, ки ман то 24 сентябри соли 2021 аз ҳаққи иштирок маҳрум шудам. Баъдан ман замонро ҳисоб кардам  ва фаҳмидам, ки ман маҳз барои Олимпиадаи Токио як ҳарифи ноқулай будам, ки замонаш аз 23 июл то 8-уми август аст ва маро  то 24 сентябр маҳрум карданд.  Онҳо аз ман ҳаққи иштирок дар  Бозиҳои олимпии Токиоро гирифтанд, вале ман мисли пештара Қаҳрамони олимпии Бозиҳои Олимпии 2016-и Рио ҳастам ва медали тиллои 2016 РИО дар хазинаи медалҳои Тоҷикистон мемонад», – хулоса кардааст Дилшод Назаров.

Қаҳрамони олимпӣ ҳамчунин аз Эмомалӣ раҳмон ва Рустами Эмомалӣ  ва тими он барои ҳимоят изҳори миннатдорӣ кардааст ва ҳамчунин ба онҳое, ки ӯро мухлисӣ кардаанд ташаккур гуфтааст. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...